Шӯрои олимон: баррасии беҳдошти сатҳу сифати таълим
Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода баргузор гардид.
Дар доираи ҷаласаи Шӯро беҳдошти сатҳу сифати таълим ва самаранокии раванди таълиму тадрис дар факултетҳои иқтисодӣ ва муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, вазъи иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар” дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” дар факултетҳои донишгоҳ, вазъи такмили ихтисоси омӯзгорони донишгоҳ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмиву фарҳангии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа масъулин гузориш доданд.
Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо ва садорати факултетҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, татбиқи сифатноки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи такмили ихтисоси омӯзгорони донишгоҳ фаъолиятро ҷоннок намоянд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил