Шӯрои олимон: баррасии беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис
Дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ, ки дирӯз таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом доир гардид, панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар кафедраҳои умумидонишгоҳии информатика, педагогикаи умумӣ, психологияи умумӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ: дурнамо ва мушкилот мавзӯи нахустини рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон буд, ки доир ба он аз ҷониби мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Боҳир Раҷабов ҳисобот шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 кафедраи умумидонишгоҳӣ 132 нафар фаъолияти меҳнатӣ дошта, аз онҳо 1-нафар доктори илм, 27-нафар номзади илм, дотсент, 10-нафар номзади илм сармуаллим, 39- нафар сармуаллим,49- нафар муаллим мебошанд, ки 28.7% устодони соҳибунвонро ташкил медиҳанд. Синни миёнаи унвондорон 50%-ро дарбар мегирад.
“Бо сифати баланд ва саривақт анҷом додани корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти ҳайати устодони кафедраҳои умумидонишгоҳиро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷатнигорӣ дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ беҳтар гардида, матни лексияҳо ва тарҳи машғулиятҳои амаливу лаборатории устодон таҳрир ва такмил ёфтаанд” – зикр шуд зимни ироаи ҳисобот.
Аз рӯи масъалаи дуюм - Ҳолати иҷрои Барномаи дурнамои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраҳои донишгоҳ раиси гурӯҳи корӣ, дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Сайдуллоев Умедҷон гузориш манзур намуда, қайд кард, ки ҳайати устодону омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ тибқи барномаи мазкур фаъолияти худро ба роҳ монда дар самти иҷроиши Барномаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Омӯзиши ҳолати таъбу нашр нишон дод, ки нашри дастури таълимӣ-методӣ, монография, мақолаҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Танҳо давоми соли 2022 аз ҷониби кафедраҳои назарияи физика 3 адад, физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт 4 адад, химияи умумӣ ва методикаи таълими он 1 адад, химияи органикӣ ва амалӣ 1 адад ва кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ 1 адад нахустпатент барои ихтироот ба даст оварда шудааст.
Сардори раёсати таълим Сабуриён Муҳидин оид ба натиҷаи ҷамъбасти раванди таълиму тадрис дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 баромад намуд.
Қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли хониш ҳисоби соатҳо, тасдиқнома, сарбории таълимии устодон аз рӯи системаи иттилоотӣ ба роҳ монда шуд, барномаи электронии тақсимоти сарборӣ аз нав таҳия гардид, нақшаи таълимӣ ва нақшаи кории таълимӣ дубора боздид шуда, аз нав мавриди корбаст қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки барномаҳои дохилкунии ҷадвали дарсӣ сохта шуда, раванди триместр дар системаи иттилоот ташкил гардид. Нақшаи кории кафедра, ҳисоби соатҳо, тасдиқнома дар шакли электронӣба роҳ монда шуда,сарбории таълимии устодони донишгоҳ тариқи СИА(ИСУ) тақсимот шуд.
“Дар оғози соли таҳсили 2022–2023 дар тамоми факултетҳосанҷиши вазъи омодагии кафедраҳоро аз ҷумла, бастаи таълимӣ-методӣ,силлабусҳо, комплексҳои таълимӣ-методӣ, муаррифии фанҳо, дастурамал оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд. Дар ин асос феҳрасти фанҳои кафедраҳо барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023 дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 адад бастаи таълимӣ аз он ҷумла силлабусҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд” – таъкид дошт Сабуриён Муҳидин.
Перомуни вазъи ташкил ва баргузории дарсҳои кушод, иштирок ба дарсҳои ҳамдигарии омӯзгорон ва иштироки омӯзгорони ҷавон ба дарсҳои омӯзгорони ботаҷриба дар факултетҳои донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023 мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Дадобоева Нодирахон ва оид ба баррасии пешниҳоди Комиссияи махсуси кории назди Шӯрои олимони донишгоҳ ҷиҳати аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён ва муайян намудани имтиёз ба пардохти маблағи таҳсили донишҷӯён ва магистрантони ятиму бепарастор, маъюби дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсилкунанда мудири шуъбаи тиҷорат Файзуллоев Аъзамҷон гузориш доданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом оид ба масоили мавриди матраҳ ибрози назар намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар тамоми равандҳои фаъолият масъулинро муваззаф намуд.
Ҷиҳати таҳкими фаъолият ва расидан ба дастовардҳои шоиста ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Бо қабули қарори дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил