Шӯрои ғайринавбатӣ: натиҷагирӣ аз равандҳои фаъолият давоми соли 2022
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шӯрои ғайринавбатии олимони донишгоҳ доир гардид, ки дар доираи он ҳисоботи ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом доир ба натиҷаҳои фаъолияти равандҳои донишгоҳ давоми соли 2022 шунида шуд.
Ректори донишгоҳ соли 2022 – ро барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли хотирмон унвон намуда, таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид, ки ин яке аз рӯйдодҳои муҳими самти таълим дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбад.
Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои замонавии 9 ошёна бо 144 синфхона барои 4000 донишҷӯ оғоз бахшида шуд. Он дорои 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ буда, дар канори он кўдакистон, толори калони маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишї сохта мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ин мавзеъ ба як маҷмааи комили шаҳраки Донишгоҳ бунёд гардида, тамоми биноҳои таълимӣ ба як маҷмааи муттаҳид ва комилу ягона табдил дода хоҳад шуд, ки ин туҳфаи арзанда ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ аст.
Гуфта шуд, ки ташкил ва баргузории дарсњои кушод сол то сол ба њукми анъана даромада, натиљањои назарраси худро нишон додааст. Дар индавра дар сатҳи кафедраҳо, факултет ва донишгоҳ ҳамагӣ 822 дарси кушод: 415 кафедравӣ, 261 факултетӣ ва 146 донишгоҳӣ ташкил карда шуданд.
Зикр гардид, ки давоми соли 2022 аз ҳисоби устодони донишгоҳ 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар бо Медали хидмати шоиста, як нафар Ордени Шараф дараҷаи 2, 17 нафар бо Ифтихорномаи раиси вилоят ва раиси шаҳри Хуҷанд, 31 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,10 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар – ҷоизаи вилоятии ба номи“Камоли Хуҷандӣ”, 2 нафар –ҷоизаи вилоятии ба номи“Бобоҷон Ғафуров”, 1 нафар – ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи адабиёт ба номи “Абдуманнон Насриддинов”, 1 нафар – ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи таърих ба номи “Абдуллоев Сайдулло”, 1 нафар – ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи санъат ба номи “Ҳакимов Наим”, 2 нафар –медали “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ”, 8 нафар бо ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардида, 1 нафар ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд.
Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки яке аз самтҳои раванди илм дар донишгоҳ фаъолияти нашрӣ ба шумор меравад. Дар соли тақвимии 2022 нақшаи осори нашршавандаи устодони донишгоҳ 464 номгӯ китобу дастур ва рисолаҳои илмиро дарбар гирифтааст, ки он дар асоси пешниҳоди садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ таҳия гардида, аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардидааст.
“Дар давраи ҳисоботӣ 215 нафар донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 4 ҷои намоён ва 5 ҷои ифтихорӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ” 4 ҷои намоён ва 5 ҷои ифтихорӣ ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 3 ҷои ифтихорӣ, олимпиадаи донишҷӯёни МТОКҶТ 2 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” 12 нафар, олимпиадаи донишҷӯёни МТОКҶТ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва хидмати Тоҷикистон 3 нафар ғолиб гардиданд. Миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат донишгоҳи мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мақоми аввал, “Илм-фурӯғи маърифат” мақоми дуюм ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид” – иттилоъ дод ректори донишгоҳ.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимӣ – таҳлилӣ дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм, маркази нави тадқиқотӣ дар факултети биология ва химия, лабораторияи “Системаҳои ирсолӣ” дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, гӯшаи интернети бемаҳдуд (Wi-fi зона) аз воқеаҳои муҳим дар ҳаёти донишгоҳ дар ин давра арзёбӣ шуд.
Дар идома се нафар аз профессорони донишгоҳ Абдусаттор Абдуқодиров, Шавкат Шаропов ва Ваҳҳоб Набизода ба музокира баромада, фаъолияти донишгоҳро дар давраи ҳисоботӣ самаранок ва қаноатбахш унвон карданд.
Бо натиҷагирӣ аз дигар самтҳои фаъолияти равандҳои донишгоҳ дар доираи ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ ва вазифагузориҳо ба хотири таъмини рушд Шӯрои ғайринавбатӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил