Шумори номзадони илм дар донишгоҳ боз як нафар афзуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шумори номзадони илм боз як нафар афзун шуд.

Рисолаи илмии Қосимов Осимҷон, корманди раёсати таълими донишгоҳ, ки дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон: пайомадҳои иҷтимоӣ-демографӣ ва мусоидат ба некӯаҳволии аҳолӣ” (“Трудовая миграция из Таджикистана: социально-демографические последствия и вклад в благосостояние населения”) ба дифоъ расид, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия тасдиқ ёфт.

Қосимов Осимҷон аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (Экономика и управление народным хозяйством) дар Шӯрои диссертатсионии Д 002.011.04 назди Муассисаи давлатии буҷетии илмии "Маркази федералии тадқиқотии сотсиологии Академияи илмҳои Русия" таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ Рязанцев Сергей Васильевич рисолаи илмии худро дифоъ намуда, ҳамакнун унвони номзади илмҳои иқтисодиро соҳиб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан аз ҳисоби кормандони раёсати таълими донишгоҳ Маҳмудов Исмоилҷон дар мавзӯи «Ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ бо истифодаи технологияҳои муосир (дар раванди таълими математика)» рисолаи илмии худро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои педагогиро соҳиб гардид.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 40 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ ба дифоъ расид.

Феълан 52%-и ҳайати кадрии донишгоҳро устодони соҳибунвон ташкил дода, бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати таҳкими корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон тамоми шароит фароҳам шудааст.


P.s. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Қосимов Осимҷонро ҷиҳати соҳиб гардидан ба унвони номзади илм табрик гуфта, дар фаъолияти илмӣ тавфиқи пайваста ва дастовардҳои тозаро таманно дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ