​Студияи “Фурӯғ” соҳиби лабораторияи таълимии нав гардид

Студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби лабораторияи нав гардид. Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии факултети филологияи тоҷик ҷамъомад доир шуд, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, масъулину намояндагони воситаҳои ахбори омма ва садорати факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом доир ба зарурияти таъсиси лабораторияи замонавии студия, тарбияи кадрҳои лаёқатманди журналистӣ, аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир сухан намуда, аз нақши студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ” ҷиҳати татбиқи дониши назариявии донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбияи кадрҳои болаёқати воситаҳои ахбори омма” дар самти мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва ботаҷриба, таъмини шароити мусоиди корӣ дар студияи таълимӣ пайваста иқдом намуда, ҷиҳати тарбияи кадрҳои лаёқатманди рӯзноманигорӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ташаббуси раёсати донишгоҳро ҷиҳати таъмини студия бо шароити мусоиди корӣ ва таҷҳизоти муосир тадбири зарурӣ ва муфид унвон намуда, аз саҳми донишгоҳ дар тарбияи рӯзноманигорони касбии муваффақ ва ба ин восита муосидат ба рушди журналистикаи тоҷик таъкид дошт.

Ҳамзамон, Раиси Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён, директори генералии ШТР “Азия” Аъзам Акбаров сармуҳаррири ШТР “СМ-1” Илҳом Ҳошимов, суханронӣ намуда, ба кори студия барору муваффақият орзу намуданд.

Чанде аз устодони донишгоҳ низ, аз ҷумла профессорон Матлубаи Мирзоюнус ва Абдусаттор Абдуқодиров аз муҳимияти фаъолияти студия ва марҳилаи таъсису ташаккули он, саҳми он ҷиҳати таъмини ҳамкориҳои донишгоҳ бо воситаҳои ахбори омма нуктаҳои муҳим ироа доштанд.

Роҳбарияти донишгоҳ, журналистон ва меҳмонон аз студияи “Фурӯғ” дидан намуда, рафти фаъолият ва коромӯзии донишҷӯёнро аз назар гузарониданд.

Аз ҷониби ректори донишгоҳ дастур дода шуд, ки фаъолияти сифатноки студия таъмин гардида, бо истифода аз имкониятҳои мусоид самаранокии машғулиятҳои амалии донишҷӯён ба роҳ монда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки студияи таълимӣ-телевизонии “Фурӯғ” бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҳанӯз 1-уми сентябри соли 2014 дар асоси Қарори Шӯрои олимон таъсис ёфта, то имрӯз ҷиҳати тарбияи рӯзноманигорон дар соҳаи телевизион саҳм мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ