Спитамен: муаррифии иқтидори касбиву илмии донишгоҳ барои довталабон
Ин навбат мулоқоти ректорони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ноҳияи Спитамен сурат гирифт. Чун анъана масъулин доир ба имконият ва шароиту иқтидори донишгоҳҳо маълумот доданд.
Профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ аз афзалият ва бартарияти таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъкид намуда, 99 ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории донишгоҳро муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол пур гардида, давоми мавҷудият донишгоҳ тавонист аз як донишкада ба як маркази бузурги илмиву касбӣ табдил ёбад.
Ба довталабон шарҳ дода шуд, ки бо интихоби рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти рақами 109 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар шароити муосири муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир соҳиби ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат гарданд.
Хоттиррасон менамоем, ки феълан тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2023-2024 бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят идома дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил