«ШОҲНОМА» ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ба ифтихори эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар факултети математика чорабинии илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Шоҳнома ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ маърузачиён перомуни аҳаммияти худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва нақши осори безаволи ниёгон, бахусус «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, андешаҳои худро баён намуданд. Таъкид шуд, ки «Шоҳнома» яке аз пояҳои асосии худшиносии миллии халқи тоҷик ба шумор рафта, он на танҳо як шоҳасари адабӣ, балки ойинаи таърих, фарҳанг, арзишҳо ва ҷаҳонбинии миллат маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки омӯзиш ва гиромидошти мероси фарҳангии гузаштагон дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Чорабинӣ барои донишҷӯён замина фароҳам овард, то бо осори ниёгон, таърих ва фарҳанги аҷдодӣ аз наздик шинос гардида, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ дар онҳо тақвият ёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил