​“Солимии равонӣ”: тести психологӣ миёни донишҷӯён

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар доираи ҳафтаи “Солимии равонӣ”миёни донишҷӯёни соли якум ва дуюм тестҳои психиологӣ гузаронида шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус муайян намудани “ҳолати равонии шахсият ва ислоҳи он” дар байни донишҷӯён гуфта мешавад.

Дар раванди чорабинии мазкур тест ва методикаи проективии “Мизоҷ”, “Хонаи зинда”, “Хона - дарахт - одам”, “Одам дар гурӯҳи хурд”, “Кактус”, “Биёбон”, “Автопортрети метафорӣ”, “Се дарахт” мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз рӯи натиҷаи тести санҷишӣ бо донишҷӯёне, ки ҳолати стресс, изтиробнокӣ, тарс, худбаҳодиҳии паст, агрессия, худамалисозии суст, беҷуръатӣ, ҳисси танҳоӣ мушоҳида гардид, корҳои ислоҳӣ ва машварату тренингҳои психологӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ