Соли нав муборак!
Устодони арҷманд ва донишҷӯёни азиз!
Шуморо бо фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод гуфта, дар соли 2023 бароятон саодати абад, некномиву тандурустӣ ва комёбиву тавфиқи ҳамешагиро таманно дорам.
Соли 2022 таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ҳамчун соли пурфайз ва ободиву созандагиҳо дар саҳфаи давлатдории миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд, ки боиси ифтихори ватандории ҳар сокини кишвари азизамон мебошад. Мардуми шарифи мамлакат дар соли равон бо меҳнати бунёдкорона дар рушду пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти кишвар нақши муассир гузоштанд. Хоса соли 2022 барои мардуми кишвар соли нек ва бобаракату пурфайз буд ва дар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун маркази муҳими тарбиявии омӯзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг, қавииродаву кордон дар кишвар эътироф шуда, барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори умумиҷаҳонии меҳнат рақобатпазир нақши сазовор гузошта меояд. Соле, ки ҳамакнун фарҷом меёбад, дар ҳаёти донишгоҳи азизи мо низ соли хотирмон маҳсуб меёбад. Зеро соли 2022 аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол пур шуд. Ин марҳиларо метавон барои донишгоҳ як давраи комили таърихӣ унвон намуд, зеро давоми 90 соли мавҷудият донишгоҳ тавонист ба сӯйи пешрафт устуворона қадам гузошта, аз як донишкадаи хурди омӯзгорӣ ба як маркази пуриқтидори илмиву касбӣ ва муассисаи олии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёбад.
Агар ба таърихи таъсиси донишгоҳ назар аканем, маълум мешавад, ки донишгоҳ фаъолияти худро бо захираи камтарин ва бо теъдоди хурди ҳайати кадрӣ оғоз бахшид.
Соли 1932 вақте Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти олии педагогии шаҳри Ленинобод) таъсис ёфт, ҳамагӣ 9 нафар омӯзгор фаъолият доштанд. Гузашта аз ин, ягон нафар аз ин теъдод соҳиби унвони илмӣ набуданд.
Имрӯз ҳайати кадрии донишгоҳро 876 нафар омӯзгор, аз ҷумла 54 нафар доктори илм, профессор, 403 нафар номзади илм, дотсент, 208 нафар сармуаллим ва 211 нафар муаллим ташкил медиҳанд, ки 52,1%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Воқеан донишгоҳ новобаста аз он ки бо имконоти маҳдуд таъсис ёфт, ҳамоно дар натиҷаи тадбирҳои судманд ва заҳмату меҳнати ҷомеаи меҳнатӣ марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Феълан донишгоҳ бо 18 факултет ва 82 кафедра ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди илмӣ ва педагогӣ саҳми шоиста гузошта, чи аз лиҳози иқтидори илмӣ ва чи аз нигоҳи нерӯи кадрӣ ба пешрафти назаррас ноил гардидааст.
Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад.
Агар соли 1932 дар донишгоҳ ҳамагӣ 26 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд, ҳамакнун бо гузашти 90 сол феълан шумораи умумии донишҷӯёни муассисаро 24 ҳазору 272 нафар ташкил медиҳанд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол аст, ки рисолати худро дар самти тайёр намудани кадрҳои лаёқатманду ҳирфаӣ дар сатҳи шоиста анҷом дода меояд.
Бо умеду орзуҳои нек хоҳони онем, ки бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои Ватани азизамон – Тоҷикистон соли 2023 - соли фатҳу дастовардҳои тоза, соли бофайзу нек ва соли қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои олии Ҳукумати кишварамон гардад!
Бигзор бо ҳузури мубораки Соли нави мелодӣ ба зиндагии Шумо – устодони арҷманд ва донишҷӯёни азиз барору комёбиҳои нав ба нав ворид гардида, роҳи фардоятонро чароғи меҳру муҳаббат ва садоқати ҳамешагӣ мунаввару рӯшан нигоҳ дорад.
Соли нав муборак!
Бо эҳтиром,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
профессор Усмонзода Аюб Ислом