Соати хониши сиёсӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва технология
Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дар мавзуи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар амал” соати хониши сиёсӣ аз тарафи иштирокчии ҳафтаи худидоракунӣ дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети санъати тасвирӣ ва технология, Муноҷотхон Махсумова - донишҷӯи курси дуюми факултети математика, ихтисоси математикаи амалӣ, баргузор гардид. Дар зимн Муноҷотхон Махсумова дар ҷараёни маърӯза аз воситаҳои техникӣ, муаррифиҳо ва видеоҳо доир ба мавзуъ ба намоиш гузошта, ба ин васила моҳияти мавзуъро кушода дод.
Дар интиҳо Файзулло Аҳадов - муовини декан оид ба тарбия баромад намуда, роҷеъ ба вазъияти сиёси ҷаҳони муосир ибрози назар намуда, донишҷӯёнро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпрастӣ даъват намуд.
Марказим иттилоот ва таҳлил