Ширкати устодони донишгоҳ дар Ҳамойиши байналхалқӣ

Санаи 23-сентябри соли ҷорӣ саввумин ҳамойиши байналхалқии “Пайвандҳои забонӣ ва адабии Эрон ва Туркия” дар Донишгоҳи Истамбул ба тариқи онлайн баргузор гардид. Қарор буд, ки ин ҳамоиш дар шакли ҳузурӣ бо ширкати олимон – шарқшиносон ва забоншиносону адабиётшиносон доир мегардад. Аммо аз сабаби бемории ҳамагир –Ковид -19 ҳайати илмии ҳамойиш ба ин қарор расид, ки он дар шакли бархат (онлайнӣ) доир шавад. Баррасии матни туркиву форсӣ бо дарунмояҳои муштарак (аз қарни даҳ то қарни нуздаҳи милодӣ), пажӯҳишҳои муқоисавии адабиёти туркиву форсӣ дар давраи муосир, нақду баррасии осори тарҷума шуда аз форсӣ ба туркиву аз туркӣ ба форсӣ аз меҳварҳои мавзӯии ин ҳамоиш мебошад. Дар ин ҳамойиш мақолаи ду нафар устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дотсентони кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев ва Фирӯза Қаюмова барои ширкат ва гузориш намудан, пазируфта шуд. Дотсент Ш.Тоҷибоев дар мавзӯи “Нусхаҳои хаттии маснавии “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и Хоҷуи Кирмонӣ дар китобхонаҳои Туркия” ва Ф.Қайюмова дар мавзӯи “Нигоҳе ба баъзе тарҷумаҳои туркӣ-ӯзбекии “Гулистон”-и Саъдӣ” дар ин ҳамойиш ба тариқи маҷозӣ баромад намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки устод Ш.Тоҷибоев аъзои ҳайати илмӣ ва кумитаи тадорукоти ин Ҳамойиш буда, дар довариву интихоби мақолаҳо низ ширкат варзидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамойиши байналхалқии мазкур силсилавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ