​Сипоснома ба аҳли қалам ҷиҳати ҳамкориҳои судманд

Дар доираи нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки имрӯз дар толори хурди раёсати донишгоҳ баргузор шуд, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ намояндагони воситаҳои ахбори омма бо сипоснома қадр шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба аҳли қалам барои ҳамкориҳои судманд, инъикоси набзи ҳаёти донишгоҳ ва тарғиби дастовардҳои устодону донишҷӯён давоми соли 2022 миннатдорӣ баён намуд.

Изҳори умед шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои донишгоҳ бо воситаҳои ахбори омма таҳким ёфта, ин равобити судманд дар самти густариши иқдоми созанда мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ