​Шиносоии донишҷӯён бо ширкати “Тоҷиктелеком”

Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ як гурӯҳ донишҷӯёни хатмкунандаи кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аз филиали Суғдии ҶСК “Тоҷиктелеком” дидан намуданд.

Ин ташаббус аз тарафи сармуаллими кафедраи системаи бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Усмонов Ҳ бо мақсади аз наздик шинос шудани донишҷӯён бо таҷҳизотҳои амалкунандаи соҳаи телекоммуникатсия роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯён бо мутаххассисони соҳибтаҷрибаи ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд суҳбат намуда, оид ба имкониятҳои ширкат, технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ ва тарзҳои кори онҳо маълумот гирифтанд.

Шиносоии наздик бо таҷҳизотҳо, тарзи кори онҳо дар додугирифти маълумот, пайвастшавии байнишаҳрии телефонӣ ва телеграфӣ, намудҳои системаҳои ирсолии PDH, системаҳои SDH, системаҳои коммуникататсионии ширкати ZTE-и Хитой ба донишҷӯён таасуроти басо хуб гузошт.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи дониш ва болоравии сатҳи касбомӯзии донишҷӯён бисёр муфид мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ