​Силсиланамоиш: Қироат ва тафсири “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкори бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд силсиланамоиш таҳти унвони “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров – китоби ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳии миллат, китоби ҳикмат ва ҳидоят ба фардои дурахшони тоҷикон: Қироат ва тафсири “Тоҷикон” баргузор гардид.

Силсиланамоиши нахуст бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Ҷабборов Иброҳимҷон, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология, Шарифов Шавкат, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология, дотсент Исомитдинов Ҷӯрабой, донишҷӯи курси панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқ, ғолиби маҳфил- озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”- дар шинохти асолати миллӣ” Ҳоҷиев Фирӯз , баргузор гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории силсиланамоишро баранда Исмоилзода Зуфар Муртазохон чунин тавзеҳ дод, ки “Тоҷикон” китоби сирф академӣ, илмӣ буда, баъзе нуқтаҳои онро на ҳама ба таври бояду шояд мефаҳманд ва дарк менамоянд. Дар робита ба ин КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим ва иқдом гирифтааст, ки силсилаи намоишҳоро бахшида ба қироат ва тафсири “Тоҷикон” ташкил намояд. Дар силсиланамоиш мутахассисон, муаррихон, ховаршиносон, забоншиносон мавзуъҳо, нуктаҳои душвори ин асарро ба мардум ба таври оддӣ шарҳу эзоҳ медиҳанд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон диор ба иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва тӯҳфа кардани он ба ҳар як оилаи аз номи Президенти мамлакат ва ҷараёни ин маърака сухан намуд.

Ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода роҷеъ ба сарчашма, арзишу аҳамияти илмӣ ва заминаҳои таълифи китоби “Тоҷикон” ибрози назар намуд.

Сипас, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов доир ба нақши асари аллома Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ, таърихдонӣ ва устувории мавқеъ ва мақом он истода гузашт.

Дотсент Иброҳимҷон Ҷабборов оид ба саҳми муаррихони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар шинохти ва муаррифии таърихи тоҷикон сухан намуд. Фарҳод Ҳоҷиев ғолиби маҳфил- озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”- дар шинохти асолати миллӣ” таассуроти худро доир ба ин озмун - маҳфил ва аҳамияти он баён намуд.

Хотиррасон мекунем, ки қироат ва тафсири китоби “Тоҷикон” ба таври силсиланамоиш идома хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ