​Силсилаи дарсҳои кушоди намунавӣ

Беҳдошти сатҳу сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати Донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар робитаи ба ин ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодон дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба ин ҳафтаи ҷорӣ 4 дарси кушоди намунавии сатҳи донишгоҳӣ аз ҷониби ҳайати устодон ҷараён гирифт, ки дар кори он масъулини раёсати Донишгоҳ ва устодони факултету кафедраҳо ширкат варзиданд.

Дарсҳои кушод аз ҷониби муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Зуҳро Умарова аз фанни муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ дар мавзуи “Ҳамкории педагогӣ”, дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он Муҳаррам Дадобоева аз фанни ҳунарҳои халқӣ дар мавзуи “Технологияи сохтани армуғонҳо бо намуди гуногуни ҳунармандӣ”, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии Нодира Воҳидова дар мавзуи “Ivan Shishkin (1832-1898) an устоди кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов Бустон Ҷумаев дар мавзуи «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» дар курсҳои мухталиф дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки устодон дар ҷараёни дарс аз методи муосири таълим ва технологияҳои муосир аз қабили компютер, тахтаи электронӣ, фаротоб, муаррифиҳои ҷолиб ва аёниятҳои гуногун истифода намуда, ҷиҳати азхуд намудани мундариҷаи мавзуъҳои баррасишуда ва бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён талош намуда, малакаву маҳорати худро нишон доданд.

Ҳамзамон дар кафедра аз ҷониби иштирокчиён дарсҳо таҳлил ва баррасӣ гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъда тавсияҳои судманди педагогӣ ва методӣ ба омӯзгорон дода шуд.

Ба иттилои раёсати таълим чунин иқдом дар тамоми кафедраҳои факултетҳои Донишгоҳ давоми соли таҳсил идома мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ