​Силсилаи дарсҳои кушод дар факултети филологияи тоҷик

Дар факултети филологияи тоҷик як силсила дарсҳои кушод баргузор гардиданд. Аз ҷумла, бо ташаббуси дотсент Аъзамов Субҳон дар мавзуи “Шеъри форсии дарии Афғонистон”, аз ҷониби дотсент Мирсаидов Баҳром дар мавзуи “Сабкҳои адабӣ” ва бо иқдоми дотсент Муродова Маликахон дар мавзуи “Мақоми Маҳмудҷон Воҳидов дар инкишофи санъати сухан” дарси кушод ҷараён гирифт.

Мавзуи дарс аз ҷониби устодон бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим шарҳ ёфта, воситаҳои муосири техникӣ самаранок истифода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ