СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶИҲАТИ РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

Дар илми ҷомеашиносии замони муосир забон ва фарҳанг ҳамчун муҳимтарин категорияҳои ташаккули ҳувияти миллӣ муҳим арзёбӣ мешаванд. Зеро, ҳар як давлат барои устувории сиёсӣ ва идеологии худ дар навбати аввал ба рушди забони миллӣ такя мекунад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки низоми рамзҳои маънавӣ ва таърихие ба ҳисоб меравад, ки дар он ҷаҳонбинии миллат таҷассум меёбад. Дар ин замина, фарҳанг ҳамчун маҷмуи арзишҳо, анъанаҳо ва таҷрибаи таърихӣ амал карда, ҷомеаро аз ҷиҳати маънавӣ муттаҳид месозад. Ҳамин ду омил: забон ва фарҳанг пояи ҳувияти миллии тоҷиконро ташкил медиҳанд.

Аз солҳои аввали истиқлол то имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварданд.

Таҳия ва тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (2009) меъёрҳои забони адабиро расман таъкид намуда, истифодаи онро дар тамоми соҳаҳо – маориф, илм, идоракунии давлатӣ, табъу нашр ва ВАО ҳатмӣ гардониданд. Ин қонун дар баробари барномаҳои давлатии рушди забони тоҷикӣ (солҳои 2012–2020, 2020–2030) заминаи илмӣ ва ҳуқуқии стандартизатсияи имло, истилоҳот ва таҳияи садҳо луғат, дастур ва фарҳангномаҳоро фароҳам овард.

Аз ҷиҳати фарҳангӣ низ корҳои калидӣ анҷом ёфтанд: ба феҳристи ЮНЕСКО шомил гардидани Наврӯз (2010), чакан (2018), оши палав (2016) ва дигар унсурҳои фарҳанги тоҷикӣ, фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Бо эҳёи ҷашнҳои миллӣ мисли Сада, Тиргон ва Меҳргон на танҳо як ҷузъи фарҳанги миллӣ, балки як қатор вожаҳои марбут ба ин идҳо дар забон барқарор гардиданд. Забон ва фарҳанги миллӣ ба ҳам сахт пайваст буда, дар ҳамҷоягӣ рушду такомул меёбанд.

Тадбирҳои Пешвои миллат дар ин самт на танҳо забонро ҳамчун пояи давлатдорӣ устувор карданд, балки худшиносии миллиро дар сатҳи илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ эҳё ва таҳким бахшиданд. Бо ин сабаб, нақши Пешвои миллат дар густариши забон ва фарҳанги миллӣ на танҳо сиёсӣ, балки илмӣ, таърихӣ ва тамаддунсозу муҳим арзёбӣ мешавад.

Тибқи таҳқиқоти муосири илмҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, давлатҳои миллӣ (nation-states) бар пояи забон, ҳувият, рамзҳои фарҳангӣ ва тафаккури умумӣ шакл мегиранд. Барои фаҳмидани нақши забон дар ташаккули миллат, андешаҳои чанд муҳаққиқи маъруф – Энтони Смит, Бенедикт Андерсон ва Юрген Хабермас калидӣ мебошанд.

Энтони Смит (Anthony D. Smith) — яке аз муҳимтарин назарияпардозони миллигароӣ таъкид мекунад, ки миллатҳо танҳо сохтори сиёсӣ нестанд, балки пеш аз ҳама ҷамоаҳои фарҳангӣ мебошанд, ки онҳоро арзишҳои таърихӣ, хотираи умумӣ, забон, рамзҳо ва анъанаҳо муттаҳид месозанд. Ба андешаи ӯ забон меъёри асосии ҳамбастагии фарҳангӣ мебошад; давлатҳои миллӣ барои тафаккури ягона, таълиму тарбия ва сиёсати фарҳангӣ ба забони миллӣ такя мекунанд.

Аз ин дидгоҳ, забон воситаи техникии муошират нест, балки асоси генофонди фарҳангӣ ва таърихии миллат мебошад. Ҳамин аст, ки Смит забонро «омили марказии ҳувияти миллӣ» меномад.

Бенедикт Андерсон (Benedict Anderson) дар китоби маъруфи худ «Imagined Communities» (Ҷомеаҳои тасаввуршуда) нишон медиҳад, ки миллатҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ офарида мешаванд, яъне мардум худро як миллат «тасаввур» мекунанд ва ин тасаввур бо забони муштарак таъмин мегардад. Ба гуфтаи Андерсон «забон «платформаи тасаввуроти ягона» аст; мардум бо мутолиаи матнҳо, рӯзномаҳо, китобҳо бо як забон худро як қисми ҷомеаи бузургтар эҳсос мекунанд; забони умумӣ робитаи идеологӣ ва ҷаҳонибинии мардумро ҳамоҳанг месозад». Андерсон исбот мекунад, ки паҳншавии савод, матбуот ва китоби чопӣ бо забони ягона боиси пайдоиши «миллат» ҳамчун ҷомеаи ягона мегардад. Яъне забон манбаи ташаккули тафаккури миллӣ аст.

Юрген Хабермас (Jürgen Habermas) Хабермас, файласуфи олмонӣ, масъалаи давлатҳои демократиро таҳлил намуда, мегӯяд, ки ҷомеа бе майдони умумии муоширати забонӣ пойдор шуда наметавонад. Ба андешаи ӯ «забон воситаи асосии аҳд ва мувофиқаи ҷомеа» мебошад. Пас, аз назари Хабермас, давлат танҳо дар ҳолате устувор мешавад, ки забони ягона ҳамчун низоми тафаккур ва муошират фаъол бошад.

Бино ба гуфтаҳои Смит, Андерсон ва Хабермас забон захираи таърихӣ ва маънавии миллат буда, пойдории миллатҳо тавассути забони умумӣ ва муоширати муташаккил сурат мегирад. Ваҳдати ҷомеа, демократия ва тағйироти иҷтимоӣ бе забони ягона имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, сиёсати забонӣ ба таври қонунии илмӣ ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат ба ҳисоб меравад, зеро забон фарҳангро ҳифз мекунад, ҷаҳонбиниро шакл медиҳад ва ҷомеаро муттаҳид месозад.

Сиёсати давлат дар соҳаи забон дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун воситаи муошират, балки ҳамчун пояи давлатдорӣ, асоси худшиносии миллӣ ва сарчашмаи устувории сиёсиву фарҳангии мамлакат арзёбӣ мегардад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра нашри осори адибони адабиёти классикии тоҷику форс: Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон дар чандин ҷилд аз нав ба роҳ монда шуд, то ки забони адабӣ ва анъанаҳои суханварии тоҷикӣ барои наслҳои нав ҳифз ва дастраси умум гарданд. Ҳамчунин, дастгирии муассисаҳои таҳқиқоти филологӣ, таъсиси марказҳои забоншиносӣ, таҷдиду такмили барномаҳои таълимии фанни “Забони тоҷикӣ” ва зиёд гардидани теъдоди китобҳои дарсӣ аз амалҳои муҳимми ин сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд.

Дар маҷмуъ, сиёсати забонии давлати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун пояи худшиносии миллӣ, рамзи давлатдории муосир ва василаи рушди фарҳангӣ ва илмӣ мустаҳкам гардонида шавад.

Дар соҳаи ҳифз ва тармими ёдгориҳои бостонӣ сиёсати Пешвои миллат хусусияти мунтазам ва стратегии давлатӣ касб кард. Бозсозии Қалъаи Ҳисор, Саразм, Ҳулбук, Қалъаи Муғ, Ориёнзамин, чунин ёдгориҳои миллӣ ба ҷаҳониён шинос шуданд.

Саразм ҳамчун яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба феҳристи фарҳанги моддии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин далели дорои ҷойгоҳи хоса будани тамаддуни тоҷикон мебошад. Ҳамзамон, тармим ва ҳифзи ёдгориҳо дар минтақаҳои гуногун на танҳо аҳаммияти илмӣ, балки сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад, зеро эҳёи ин марказҳо ба барқарор шудани пайванди таърихии миллати тоҷик бо гузаштааш мусоидат намуд.

Дар баробари ин, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушд ёфт. Тоҷикистон тавассути баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои хориҷӣ, барпо намудани конфронсҳои байналмилалӣ, омода кардани филмҳои мустанад дар бораи таърих ва фарҳанги тоҷикон ва намунаҳои мероси бостонӣ, тавонист симои худро чун давлати сулҳҷӯ, тамаддунсоз ва соҳибмерос дар ҷаҳон муаррифӣ кунад. Ифтитоҳи марказҳои фарҳангӣ ва омӯзиши забони тоҷикӣ дар кишварҳои хориҷӣ низ ба тавсеаи дипломатияи фарҳангӣ равона шудааст.

Сиёсати фарҳангӣ ва забонӣ дар давраи Истиқлол таъсири амиқ ба рушди илму маориф гузошт. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки фарҳанг ва маориф ду пояи асосии давлатдорӣ мебошанд. Дар ин замина, бунёди садҳо мактабҳои нав, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, таъсиси литсейҳо ва гимназияҳои замонавӣ ва таъмин кардани онҳо бо технологияи таълимии муосир имконият дод, ки сифати маориф дар кишвар ба марҳилаи нав расад. Ин иқдом на танҳо ба соҳаи маориф хидмат мекунад, балки ба мустаҳкам шудани худшиносии миллӣ ва дарки арзиши забон ва фарҳанги миллӣ низ мусоидат менамояд.

Дар бахши илм, корҳои бузурге анҷом ёфтаанд, ки махсусан барои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таърихшиносӣ аҳаммияти фавқулодда доранд. Бо ташаббуси Пешвои миллат марказҳои илмӣ, ба монанди Маркази тадқиқоти Рӯдакӣ, Маркази мероси хаттӣ, Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Пажуҳишгоҳи таърих ва дигар муассисаҳо фаъолтар гардиданд. Ин муассисаҳо дар таҳияи асарҳои бисёрҷилда, таҳқиқи осори мутафаккирон, ҷамъоварии дастнависҳо ва таҳияи фарҳангномаҳо саҳм гузошта, заминаи илмии сиёсати фарҳангии давлатро пурқувват карданд.

Тағйироти мусбати дигар дар дастгирии илм – афзоиши сармоягузории давлатӣ барои таҳқиқоти филологӣ, таърихӣ ва фарҳангшиносӣ мебошад. Барномаҳои давлатии «Таърихи тоҷикон», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Адабиёти тоҷик» ба рушди илмҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи фарҳанг на танҳо ба ҳифзи фарҳанг, балки ба тавлиди донишҳои нав низ равона шудааст.

Дар маҷмуъ, сиёсати фарҳангӣ ва забонии Пешвои миллат на танҳо ба эҳёи анъанаҳо ва мероси миллӣ нигаронида шудааст, балки ба тавсеаи илми миллӣ, таҳким додани заминаҳои маърифатӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад. Дар ин хусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълифоти худ яке аз муҳофизони беназири забони тоҷикӣ ҳастанд. Ба нашр расидани китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» андешаҳо ва пиндорҳои неки Сарвари давлатро доир ба таърихи забони тоҷикӣ, дастовардҳои илмии миллат бо ин забон инъикос кардааст ва аз лиҳози забоншиносӣ ва фарҳанги забонӣ аз осори беҳтарин дар илми муосир ба шумор меравад.

Ҳангоми мутолиаи ин китоб хонанда дарк мекунад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳри беандоза ба забони тоҷикӣ онро навиштаанд ва дар ҳар сатри он нишонаи ифтихор ва ғурури миллӣ ба назар мерасад, ки шоистаи пайравӣ ва ибрат мебошад.

Аз дидгоҳи Пешвои миллат аён аст, ки инсони соҳибфарҳанг пеш аз ҳама бояд таърих ва тамуддуни кишвари худро донад. Аз ин нуқтаи назар чунин иброз доштаанд: «Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон на танҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд».

Дурустии ин суханони Пешвои миллатро дар асри муосир низ метавонем ба назар гирем. Дар сурати ҷаҳонишавӣ ва рушди шабакаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ ба назар мерасанд, ки баъзе ҷавонон бо забонҳои хориҷӣ ҳарф заданро фазилат мешуморанд ва дар натиҷа на забони худро пурра меомӯзанд ва на ба забонҳои хориҷӣ пурра мусаллат мегарданд.

Аз суханрониҳо ва гуфторҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аён мегардад, ки забон ва фарҳангро ду омили асосӣ номидаанд. Чунончи, гуфтаанд: «Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тулонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд».

Дар ин радиф ҳаминро бояд илова кард, ки дар сиёсати Президенти Тоҷикистон поку беолоиш нигоҳ доштани забони адабии тоҷикӣ ва дар баробари ин омӯхтани забонҳои хориҷӣ таъкид гаштааст.

Ба таври маҷмуӣ агар зикр кунем, пас дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон забон ва фарҳанг – нишонаи ҳастӣ ва бақои миллат аст. Ҳифзи покии забон, рушди фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои нигаҳдошти истиқлол ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Азиза Ҳодибоева,

номзади илмҳои фалсафа, ходими илмии

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ