СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР ВА АФЗАЛИЯТҲО ДАР СОЛИ 2025
Паёми Пешвои миллат оинаи рушди сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ буда, ба шаҳрвандон имконияти додани баҳои воқеӣ ба вазъи сиёсии кишвар, комёбиву дастовардҳо ва самаранокии нақшаҳоро медиҳад. Инчунин, дастуру супоришоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандонро ба самти зарурӣ равона месозад, муттаҳидиву сарҷамъии миллатро замина мегузорад. Дар асоси муқоиса бо Паёми соли гузашта бо итминони комил гуфта метавонем, ки Паёми соли 2025 инъикоскунандаи комёбиҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан соҳаи иқтисодӣ мебошад. Таҳлили муқоисавии Паёми соли 2024 бо Паёми 2025 имкон дод, ки дастовардҳои назарраси кишварро дар соли 2025 дар асоси далелҳои мушаххас дарк намоем ва ҳадафҳои стратегии ояндаро барои худ муайян намоем. Ин санадҳо на танҳо вазъи имрӯзаи кишварро инъикос мекунад, балки комёбиву дастоварди Тоҷикистони биҳиштосоро ба таври барҷаста нишон медиҳад, то ҳар сокини кишвар ба қадри суботи сиёсӣ бирасад ва дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардад.
Дар соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ ба 150 миллиард сомони расида буд ва суръати воқеии афзоиши он 8,4%-ро ташкил дод. Соли 2025 ин раванд идома ёфта, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 173 миллиард сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиши он 8,4%-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда назаррас аст, зеро дар панҷ соли қаблӣ суръати миёнаи рушди иқтисодӣ 7,7%-ро ташкил дода буд. Далели овардашуда раванди мусбати рушди иқтисодӣ ва самаранокии сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакатро ифода мекунад. Дар солҳои 2020-2024 зиёда аз 197 миллиард сомонӣ ба рушди лоиҳаҳои афзалиятнок равона карда шуд. Дар соли 2025 маблағгузориҳо идома дода шуд. Умуман, дар давоми 10 соли охир ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ расид. Ин рақамҳо дар баробари инъикоси рушди иқтисодии кишвар, эътимоди сармоягузоронро низ нишон медиҳад. Инчунин, дар асоси дастуру супоришоти Роҳбари давлат бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки то охири соли 2027 ҳаҷми умумии қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонанд. Чунин тадбир ба пешрафти истеҳсолот ва соҳибкории хурду миёна заминаи устувор мегузорад. Аз Паёми соли 2025 маълум гардид, ки тадбирҳои амалии Ҳукумати мамлакат дар самти гузариш ба пардохти ғайринақдӣ натиҷаи назаррас дод. Масалан, «дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд». Ин на танҳо ба сарфаи манбаъҳои энергетикӣ, балки ба шаффофияти муносибатҳо низ оварда мерасонад.
Идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» самти асосии рушди соҳаи энергетикаро дар кишвар ташкил медиҳад. Бинобар ин, то соли 2025 беш аз 50%-и корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд. Дар маҷмуъ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд. Иқтидори истеҳсоли қувваи барқ дар даҳ соли охир ба 1017 мегаватт баланд бардошта шуд. Инчунин, дар соли 2025 таҷдиди пурраи нерӯгоҳи «Қайроққум» ба анҷом расонида шуд ва дар натиҷа иқтидори он ба 60 мегаватт зиёд карда шуд. Ҷиҳати ба даст овардани истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва таъмини мардум бо қувваи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки то моҳи августи соли 2026 ду неругоҳи офтобӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо иқтидори умумии 500 мегаватт ба истифода дода шавад. Боз як паёми нек аз Паёми соли 2025 он аст, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқии обии «Роғун» ба истифода дода мешавад. Ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикиро ба даст меорад. Хусусияти ояндабинии Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои вобаста ба он, ки дар Паём инъикос карда шудааст, сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро нишон медиҳад. Масалан, пешбинӣ шудааст, ки вобаста ба инкишофи аҳолӣ то соли 2030 талабот ба нерӯи барқ 31% афзоиш меёбад, ки бо ташкили нерӯгоҳҳои офтобӣ ба иқтидори 1500 мегаватт бартараф карда мешавад. Барои рушди соҳибкорӣ, пайванди минтақаҳои кишвар бо ҳам, ба роҳ мондани равобиту тиҷорат дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, ки 300 км роҳҳои нав ба истифодаи мардум дода шавад. Чунин ояндабинӣ тавассути банақшагирии саривақтӣ ғамхории Ҳукуматро ба ояндаи давлату миллат нишон медиҳад.
Аз муқоисаи паёмҳои ду соли охир маълум гардид, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар соли 2025 бошад суръати рушди ин соҳа ба 8,5% расонида шуд. Яъне новобаста аз тағйирёбии иқлим, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби кишоварзони кишвар бозори истеъмолӣ пурра таъмин карда шуд. Дар баробари ин ба нақша гирифта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумат Барномаи амнияти озуқаворӣ барои панҷ соли оянда қабул ва татбиқ карда шавад. Инчунин, ба ташаккули рушди устувори пахтакорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таҳия Барномаи рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030 пешбинӣ гардид.
Паёми навбатӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, новобаста аз вазъияти мураккаби ҷаҳон, таҳдидҳои замони муосир, тағйирёбии равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, паёми умедбахш ва фарогири таҳлили воқеъбинонаи сиёсати дохилию хориҷӣ буд. Таҳлили сиёсати иқтисодии кишвар нишон дод, ки дар самт кишвар сиёсати устувор пеш гирифтааст. Ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намудааст.
Содиқова Башорат,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ