Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонароба пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мардуми шарафманди Тоҷикистон санаи – 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумхуриро ҷашн мегирад. Дар ин рӯзҳои фараҳбаҳш ба таърихи сисолаи давлати ҷавон рӯ оварда, мушоҳида менамоем, ки дар ин давраи кӯтоҳ ҷумхурӣ дастовардҳои азимро соҳиб шудааст. Ин комёбиҳо қабл аз ҳама ба таҳким бахшидани асосҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум, шинохти ҷумхурӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ рабт дорад. Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати “дарҳои кушод”, ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем ба аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем”.

Таърихсиёсатмадорону давлатдорони зиёдеро медонаду дидааст, ки давлату миллати худроба ҷаҳониёнмуаррифӣ намуда, дар солномаитаърих номи худро боқӣгузоштаанду инсоният онҳоробо некӣ ёд мебаранд. Яке аз чеҳраҳоитобони арсаи сиёсат, сиёсатмадори даврони нав, сарвариоқилудоноЭмомалӣ Раҳмонмебошанд,ки боҷасорату матонат, ақлу фазилати ирсӣтавонистанд, худро дар радифиинсонҳое, ки равандичархитаърихродигаргунсохтанд, ҷой дошта бошанд.Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣва ба даст овардани истиқлолиятҶумҳурииТоҷикистон дар самти пешбурди сиёсати хориҷӣ, идоракуниииқтисодию иҷтимоӣ заминава таҷрибаи кофӣнадоштва ё заминаҳо хеле маҳдуд буданд.То охиридекабрисоли 1991 теъдоди мамлакатҳои хориҷӣ истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф намуда, бархе аз ин давлатҳо дар шаҳри Душанбе намояндагиҳоидипломатии худро ифтитоҳ намуданд. 4-уми январи соли 1992 Муроҷатномаи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба давлатҳои чомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид ва дар он аз давлатҳои узви ҷомеаи ҷаҳони хоҳиш шуд, то истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистонро эътироф кунанд ва ба он муносибатҳои дипломатиӣ барқарор намоянд. Ворид гардиданиҶумҳурии Тоҷикистонба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ – СММ ва САҲА дар шароити мушкул сурат гирифта буд. 26-уми феврали соли 1992намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Санади хотимавии Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо”-роба имзо расонд. Давлатҳои Ғарб авваллин шуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз имзои “ Санади хотимавии Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо” ба расмият шинохта буданд. 2-уми марти соли 1992Иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ –ро қабул намуд. Вале мутаасифона, дар солҳои аввали истиқлолият таваҷҷӯҳ имконияти ин созмонҳо барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ҷалб нашуда буд.

Дар ин давраи хеле ҳассосусарнавиштсозмаҳз муҳтарамЭмомалӣРаҳмонфаъолияти хешроаз Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон оғознамуданду бо истифода аз тадбиру заковати худодод қадамҳои нахустини худродарарсаи сиёсатихориҷӣбо такя ба хиради азалии мардуми тоҷик боҷуръатонагузоштанд. Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарамЭмомалӣРаҳмонТоҷикистон дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992ба даст даровардани сулҳ ва ворид шудани Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи муҳим ва афзалиятнок ҳисобиданд. Сарвари давлат истефодаи самараноки имкониятҳои созмонҳои баӣналмилалиро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ба ҳайси вазифаи аввалин дараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Созмони Милали Муттаҳид 21-уми январи соли 1993 намояндаии худро дар шаҳри Душанбе таъсис дода, дар бобати дастирии ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон нақши асосӣ бозид.Танҳо дар солҳои 1993-1997 Дабири кулли СММ дар ҷаласаҳои ин созмон17 маротиба доир ба вазъияти Тоҷикистон маърӯза кард. Раиси Шӯроиамнияти СММ9 маротиба оид ба вазъи ноороми Тоҷикистон изҳорот дода, 7 маротиба ба унвониДабири кулли СММ мактуб ирсол кард. Созмони Милали Муттаҳид5 маротиба доир ба вазъияти Тоҷикистон қатънома қабул кард.

Дар баробари саъю кӯшиши Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон-Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон дар раванди музокирот ва сулҳу байни тоҷикон саҳми арзанда гузоштанд. Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ин дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони Истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулхофаринии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаиҷахонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

29-уми сентябри соли 1993 аввалин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Раиси Шӯрои Олӣ Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониробо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳхоҳона ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои судманди хешошно намуда буданд. Маҳз чунин андешаҳои некбинонаву дурбинонаи Пешвои миллат буд, ки худи ҳамон сол(1993) дувоздаҳ созмонҳои байналмиллалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдидва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмонва соли 1996 ду созмони дигарнамояндагиҳои худродар кишвари тозаистиқлоламонтаъсисдода, бароиҳамкориҳоисудмандфаъолияташонрооғоз намуданд.

Сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28-умидекабри соли 1993 зимни зарурати таҳияи Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда,иброз доштанд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.

Ҳавзаи якум - Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сўи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад;

Ҳавзаи дуюм - Осиёи Марказист, ки кунун рў ба ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ дорад;

Ҳавзаи сеюм - фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳануз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунанд;

Ҳавзаи чорум - доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рўҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.

Ниҳоят, ҳавзаи панҷум - ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамъбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сўи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд» [4, 20].

Сипас вазорату идораҳои дахлдор ба таҳияи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон шурӯъ карданд. Зарур ба ёдоварист, ки он вақт ҷумхурӣ дар вазъияти душвори қарор дошт ва хамзамон бо ҳаллу фасли чунин мушкилоти дохилӣ, аз қабили фурӯ нишондани муқовимати мусаллаҳона, баргардондани гурезаҳо ва мухоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои муқимӣ, барқарор кардани хоҷагии ҳалқи харобгардида, раванди роҳандозӣ намудани ислохоти конститутсионӣ шурӯъ шуда буд. Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйдиҳии умумиҳалқӣқабул гардид, барои таҳияи дигар санадҳои қонунгузорӣ асос гузошт.

Роҳбари давлат ҳангоми таҳияи Конститутсияи нав ҳамчунин ба чойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карда буданд, ки мазмуну мундариҷаи ин санади муҳим бояд пурра ҷавобгӯи ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин бошад. Дар соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардид. Муайян гардид, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бисёрсамта ва сулҳхоҳона буда, ҷумхурӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судмандро бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси эҳтироми истиқлоли давлатии ҷонибҳо, баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии хамдигар ба назардошти манфиатҳои тарафхо ба роҳ мемонад.

Сиёсати “дарҳои кушод” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи бомуваффақи ин сиёсат ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад.Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз зиёда аз 180 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр ба расмият шинохтааст ва кишвари мо бо 179-тои он муносибатҳои дипломатӣ дорад. Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам дар ин давра зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дучонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд.Ҷумхурии Тоҷикистон теътоди зиёди санадҳои байналмилалиро дар доираи созмонҳоибайналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ ва ниҳодҳои махсуси он, САҲА, СҲШ, СҲИ, ИДМ, СААД ва дигарон ба имзо расонид, ки масъалаҳои ҳамкориро доир ба амният, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар сохаи маориф, илм ва фарҳанг, роҷеъ ба мушкилоти мухоҷират, гурезагон, расонидани кумаки башардӯстона ва ғайра пешбини мекунанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 57 созмони минтақавию баӣналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар мамлакатҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузарад.Дар Паёми видеоииПрезидентиҶумхурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни75 – солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид таъкид шуд, ки “дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳиму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷахонӣ табдил ёбад”[5]. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Аз ҷумла соли 2002 ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ин ташкилоти бонуфуз гардидани пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, соли 2003 ҳамчун осори мусиқии классикии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шудани “Шашмақом” , соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид гардидани шаҳраки қадимаи “Саразм”, соли 2013 ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонӣ шомил гардидани “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” , ба феҳристи ҷашнҳое ки, бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил шудаанд, ворид гардидани 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.

Дар ин давра, таҳким ва рушди муносибот бо Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 15 июни соли 2001 бо имзои расидани Эъломияи таъсиси “Созмони Ҳамкории Шанхай” арзи ҳастӣ намудааст, дар мадди аввал қарор гирифтааст. Ин созмон аз рӯи нуфуз ва заҳираҳои иқтисодӣ, демографӣ, ҳудудӣ ва табиӣ бузургтарин дар минтақаи Авруосиё дониста мешавад ва муассисони ин созмон асосан Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Дар кишварҳои узви ин созмон зиёда аз 3 миллиард аҳолӣ, ки тақрибан 61 дарсади нуфузи АвроОсиёро ташкил медиҳад, зиндагӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ҳудуд бошад, фарогири бештар аз 20 миллиард километри мураббаъ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои узви ин созмон мушкилот ва муаммоҳои муосирро воқеӣ арзёбӣ мекунад. . Дар тӯли таърихи бистсолаи худ, СҲШ ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сохтори беназири минтақавӣ табдил ёфт, ки хусусияти умумиинсонии худро дар ҳаллии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ борҳо исбот кардааст. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз поягузорони Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд ва истиқболи 20-солагии созмон дар Тоҷикистон масъулият ва ифтихори бузург аст. Баргузории ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон – пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ дар соли 2021, шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Муносиботи неку дӯстона, ҳусни тафоҳуми ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории судманди гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(26 декабри соли 2018) таъкид дошта буданд, ки “Мо ба таҳкими робитатҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анънанадар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда,ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо,ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст”[6, 41-42].Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздикаш дар Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дорад, мавқеи ҷуғрофӣ, заҳираҳои табиӣ ва дигар омилҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи муносибатҳо дар минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи кишварҳо бошад.

Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Дар байни масъалаҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат алоқаҳо бо давлатҳоиОсиёи Миёна дар ҳамаи соҳаҳо мавқеи муҳим доранд. Зеро дар ҳамкорӣ бо ин кишварҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг ба дастовардҳои калон ноил шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигариимардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.Дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (шаҳри Ашхобод, 5-уми августи соли 2021) бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳои ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ –“Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ “- ро дарвазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмонтақдим намуданд [7, 6].

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакати ҳамсоя ва дӯст – Ӯзбекистон равобити худро рӯз аз рӯз тақвият бахшида истодааст.Соли 2018-ро дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон метавон соли гардиши куллӣ ва ҷаҳиши бузурги таърихӣ номид. Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ санадҳои нави ҳамкорӣ, Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни ду кишвар имзо шуд. Дар ин санадҳо ҳадаф ва дурнамои шарикии устувори ду мамлакат муаӣян шудаанд. Дар ҳолати имрўза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро зиёда аз 150 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд. Солҳои охир доираи робитаҳои дӯстона байни ин ду кишвар боз ҳам васеътар гардида истодааст. Аз ҷумла, бо ташрифи расмии роҳбарони ду давлат (9-10 март, 17-18 августи соли 2018, 10-11 июни соли 2021) пояҳои дӯстиву ҳамкории ду давлат боз ҳам таҳким ёфта, ҳамчун шарикони стратегӣ боқӣ мондаанд [8].

Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва бар асоси эҳтироми мутақобила, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳое, ки дар аҳдномаҳо ва созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дарҷ гаштаанд, густариш меёбанд. Ҳамкорони асосии тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равобити иқтисодии хориҷӣ, пеш аз ҳама, мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, ки 48 дарсади муомилоти тиҷорати хориҷии кишварро ташкил медиҳанд.(9,85).Миёни ҳамкорони асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Федератсияи Россия, яке аз нахустин давлатҳое аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти Тоҷикистонро сидқан пазируфт ва муносибати хуби ҳамкориҳои дипломатӣ байни ин ду давлати дӯст 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Тамосу вохӯриҳои доимии сарони давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар худ баёнгари ҷараёни робитаҳои неку густардаи Тоҷикистону Россия мебошанд. Тӯли зиёда аз 25 соли охир Душанбе ва Масква таҷрибаи бузурги ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи иҷтисодиёт, ҳарбӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ ба даст оварданд. Миёнаи кишварҳои мо зиёда аз 230 шартномаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расидааст. Ин сатҳи баланди ҳамкориҳоро муносибати хуб ва наздику дӯстонаи сарони кишварҳои мо бозгӯ мебошад. Бо иштироки Россия лоиҳаҳои бузурги муштараки иқтисодӣ амалӣ мешаванд ва яке аз онҳо сохтмони НБО-и Сангтӯда-1 мебошад, ки ҳоло бо иқтидори пуррааш кор карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаҳои минтақа, аз ҷумла ба масоили ҳавзаи баҳри Арал диққати ҷиддӣ медиҳад. Кишвари мо яке аз муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал буда, раисӣ дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин зимн, сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи Байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд. Бо ин қарор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба мушкилоти наҷоти баҳри Арал, балки ба масоили таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи заҳираҳои об аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии «Оби тоза» эълон намудани соли 2003, даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” пазируфта шудани солҳои 2005-2015, ки аз тарафи беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013, Даҳсолаибайналмилалии«Об барои рушди устувор, 2018-2028» нишонаҳои возеҳи афзудани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Сарвари давлатамон, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, аввалин шуда ба минбари СММ на танҳо дар масъалаи об, балки дар мавриди паҳншавии хатари терроризм ва таҳдидҳои он ба ояндаи инсоният ибрози андеша намуданд.

Имрӯз ҷомеаи ҷахонӣ ба ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Ҷумхурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза ба зидди терроризм баҳои баланд медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм якчанд қонун ва санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ба монанди Сратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва ифротгароӣ” аз 8 декабри соли 2003 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” –ро қабул намудааст.

Таърихисисолаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати хориҷии мамлакат муваффақона фаъолият намуда, дар роҳи афзоиши эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ саҳми босазоеро соҳиб гаштааст.

Хулоса, мардумишарифу баландтолеъи Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣвадар пайравию дастгирии сиёсатихирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувору баҳодурона гузошта, дар ояндаи наздикбо сарҷамъиву муттаҳидӣ Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтавумутараққӣтабдилдода, обрӯю нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.

Юлдошев Р.Р. - н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Қодирова М.А. - муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими фанҳои тахассусии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ