​Семинари таълимӣ: шиносоӣ бо навгониҳои усулҳои фаъоли таълим

Як гуруҳ омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ дар марҳилаи аввали семинар-трейнинги Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки бо дастгирӣ ва сарпарастии Сафорати Амрико ташкил гардид, иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар ин семинар дотсенти кафедраи назарияи тарҷума ва граматикаи факултети забонҳои хориҷӣ Манзура Юсупова, сармуалимаи кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ Соҷидахон Самадова васармуаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Шоирахон Мансурова ширкат намуда, бо навовариҳои усули фаъоли таълим ва тафаккури интиқодӣ шинос шуданд.

Хабар дода шуд, ки семинар се рӯз давом карда, дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омӯзгорони мактабҳои олӣ, ки тариқи озмун интихоб шудаанд, иштирок намуданд.

Иқдоми мазкур барои омӯзгорон фазои озоди муошират ва имкони ҳосил намудани таҷрибаи навро фароҳам овард.

Интизор меравад, ки марҳилаи дуюми семинар - трейнинг моҳи январи соли 2022 ва марҳилаи сеюм моҳи апрел баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ