Семинари таълимӣ-методии омӯзгорони кафедраи алгебра ва геометрия

Дар факултети математика семинари таълимӣ-методии омӯзгорони кафедраи алгебра ва геометрия доир шуд.
Семинари таълимӣ-методиро роҳбари семинар, мудири кафедра дотсент Ризоев ҳусни оғоз бахшида, дар мавриди аҳаммияти семинар таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки семинари мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба роҳ монда шуд.
Дар идома муаллими калони кафедраи алгебра ва геометрия Тӯйчиев дар мавзуи «Бисёраъзогиҳо ва ҳалли онҳо бо ёрии барномаҳои дастурӣ» тариқи муаррифӣ маърӯза намуд.
Семинар бо суолу ҷавоб ва табодули афкор анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил