​Семинари таълимӣ – методии «Методикаи корҳои ислоҳӣ бо бачагони имконияти маҳдуддошта»

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус семинари доимоамалкунандаи таълимӣ-методии «Методҳои корҳои ислоҳӣ бо бачагони имконияти маҳдуддошта» баргузор гардид.

Семинарро роҳбари бахш дотсент Раҳмонов кушода, доир ба масъалаи муаммо, сабабҳо, роҳҳо ва методҳои истифодаи корҳои ислоҳӣ бо бачагони имконияташон маҳдуд сухан намуд.

Оид ба мавзӯи «Таҳсилоти фарогир ва мавқеи он дар ҷомеа» аз ҷониби профессор Шаропов маърӯза ироа шуд.

Ҳамзамон, дар доираи семинари мазкур аз озмуни «ЭССЕ»-и беҳтарин, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баду неки мардум чу бигзарад» баргузор гардида буд, натиҷагирӣ шуд.

Ғолибон бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.

Дар идома барои иштироки фаъолона сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Тоҳирова бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ