Семинари омӯзишии забони русӣ ‐ англисӣ
Бо ташабуси муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Исматова Маҳина байни омӯзгорон ва магистрантони кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣсеминари омӯзишии забони русӣ ‐ англисӣ ба роҳ монда шуд.
Ин иқдом ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030” роҳандозӣ шуд.
Таъкид гардид, ки дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Қабул гардидани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” водор месозад, ки барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ аз тамоми имконият истифода барем.
Ҳадаф аз ташкили семенар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорону магистрантон, татбиқи амалии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025 дар кафедра унвон мешавад.
Интизор меравад, ки семинари мазкур бо ду забон ‐ русӣ ва англисӣ минбаъд ҳар ҳафта як маротиба гузаронида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил