Семинари назариявӣ: Ададҳои комплексӣ баррасӣ шуд

Бо ташаббуси кафедраи алгебра ва геометрия нишасти навбатии семинари илмӣ-методӣ доир гардид. Ин навбат дар доираи семинар мавзӯи “Ададҳои комплексӣ. Геометрияи ададҳои комплексӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавзӯи меҳварии семинарро декани факултети математика дотсент Музафаров Дилшод шарҳ дод.

Ҳамзамон, муаммоҳои таълими алгебра барои ихтисоси математикаи амалӣ дар доираи семинар муҳокима шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар семинар омӯзгорон аз ҳамаи кафедраҳои факултет иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ