​Семинари иттилоотӣ доир ба лоиҳаҳои байналмилалӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки сардори Дафтари Миллии Эразмуз+ дар Тоҷикистон Зарина Нуритдинова ва бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ семинари иттилоотӣдоир ба лоиҳаҳои давраи нави ташкилоти Иттиҳоди Аврупо Эразмуз+ барои солҳои 2022-2027 баргузор гардид. Дар семинар тарзи пур кардани анкетаҳо ва ширкат дар лоиҳаҳо фаҳмонида шуд.

Зимни иштирок экспертони Дафтари Миллии Эразмуз+ Абдулло Мамадамон, Санавбар Нурова ва Олга Сайфуллоева доир ба меъёрҳои навиштани лоиҳаҳо аз таҷрибаи худ сухан карда, ҷиҳати иштирок дар озмун маслиҳатҳои муфид доданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар радабандии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ки аз ҷониби комиссияи боэътимоди Дафтари милии Эрасмус + дар Тоҷикистон ва экспертону намояндагони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида буд, донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо 21 лоиҳа мақоми аввалро соҳиб шуд. Лоиҳаҳои Эрасмус + , ки барои солҳои 2014 – 2020 пешбини шуда буд, донишгоҳ 5 лоиҳаҳои ин барномаро татбиқ намуд, ки чунинанд:

  • ERASMUS + TUTORIAL – Тақвияти шабакаи таъсилот, тадқиқот ва инноватсия дар солимии муҳити зисти Осиё;
  • ERASMUS + PAWER – Ба роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини аҳамиятнокӣ, сифат ва дастрасии баробар ба таҳсилот”;
  • ERASMUS + EXTEND – Бартарӣ дар таълимоти муҳандисӣ тавассути омӯзиши муаллимон ва роҳандозии усулҳои нави педагогӣ дар Россия ва Тоҷикистон;
  • ERASMUS + DECIDE – Беҳтарнамудаи хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд;
  • ERASMUS + HARMONY – Ҳамоҳангсозӣ ва эхтирофи мутақобилаи барномаҳои магистратура аз рӯи ихтисоси “Тандурустӣ ва ҳифзи табиат”

Дар охир аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмун фаъолона ширкат кунанд ва ҳангоми мушкилӣ метавонанд ба экспертони Дафтари Миллии Эразмуз+ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ