​Семинари илмӣ – тарбиявӣ таҳти унвони “Зи ҳушанг монд он Сада ёдгор...”

Бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба таҷлили Ҷашни Сада семинари илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин ташаббус дотсент Раҳимов Ислом маърӯза намуда, доир ба таърихи ҷашни ниёгон маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Он мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози 31-уми январ рост меояд.

Гуфта шуд, ки Сада пас аз 50 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасид. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонидани муждаи баҳор буд.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён низ доир ба ҷашни Сада маълумот дода шуда, шеърҳо қироат гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ