​Семинари илмӣ: “Рақамикунонии низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Дар факултети иқтисодӣ бо иқдоми устодони кафедраи молия ва андоз таҳти унвони “Рақамикунонии низоми андоз” семинири илмӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур сармутахасиси шуъбаи маъмурикунонии андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд Ахмедова Розия иштирок намуд.

Декани факултети иқтисодӣ Нуриддинова Манзура семинарро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди эълони “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва аҳаммияти он дар рушди муносибатҳои андозӣ ва муъмурикунонии он ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупориро ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ муҳим унвон намудаанд.

Мудири кафедраи молия ва андозМамадов Сайидмуродхон зимни суханронӣ зикр намуд, ки рақамикунонии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дошта, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар рафти муносибатҳои андозӣ барномаҳои гуногуни дорои хусусияти иқтисоди рақамӣ ҷорӣ гардида истодаанд.

Сармутахасиси шуъбаи маъмурикунонии андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд Ахмедова Розия барномаи мобилии “Андози ман” - ро дар рушди рақамикунонии низоми андоз муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон гардидааст, ки тавассусти насби барномаи мобилии “Андози ман” метавон иштирокчии озмун гардид. Семинар бо суолу ҷавоб ва табодули афкор ҷамъбаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ