​Семинари илмӣ-омӯзишӣ: “Асосҳои омори математикӣ дар психология”

Дар озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Ташхиси психологии шахс”-и факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ семинари илмӣ-омӯзишӣ доир гардид.

Семинари мазкур ба мавзуи “Асосҳои омори математикӣ дар психология” бахшида шуд.

Декани факултети математика, дотсент Музаффаров Дилшод таҳти унвони “Коркарди омории маълумот дар фаъолияти педагогӣ - психологӣ” маърӯза намуда, иттилоъ дод, ки коркарди миқдории таҳқиқотҳои илмии педагогика ва психология дар замони муосир масъалаи актуалӣ маҳсуб ёфта, барои унвонҷӯ ё олими навкор иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ,масоили коркарди математикию омории он дар қисмати боби амалӣ таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва ин боб маҳаки асосии таҳқиқотро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, оид ба муҳимияти истилоҳҳои тағйиротҳо, тасодуфот, қимати миёна, дисперсия, тамоюли омории кори таҳқиқот, гипотеза, алоқамандӣ ва вобастагӣ, пешгӯйикунии қимати омору эмпирикӣ, тақсимоти нормалӣ, дар ҷараёни кори илмӣ – таҳқиқотӣ бо мисолҳо маълумот дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ