​Семинар: шарҳи қоидаҳои нави имло

Дар факултети физикаю техника бо мақсади огоҳии комил аз “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Семинари мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ барои коргузорони факултети физикаю техника роҳандозӣ шуд.

Дар семинар омӯзгори фанни забони тоҷикӣ аз кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Ҳомидова Замирахон иштирок намуда, ба иштирокчиён қоидаҳои нави имлои забони тоҷикиро шарҳ дод.

Дар доираи ин ташаббус коргузорон бо тағйиротҳоиимлои ҳиссаҳои нутқ ва аломатҳои китобат шинос шуда, доир ба мавзӯи меҳварии семинар маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ