Семинар: “Асосҳои назария ва услубҳои таълими тафаккури интиқодӣ”
Дар кабинети методикаи инноватсионӣ, ки дар назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ фаъол аст, семинари омӯзиши таҳти унвони “Асосҳои назария ва услубҳи таълими тафаккури интиқодӣ” баргузор гардид.
Семинари мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани тарбияи тафаккури интиқодӣ дар байни донишҷӯён ба роҳ монда шуда, дар он устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон - Авзалов Ардашер ва дотсент Шарипов Тақдиршоҳ назария ва роҳу услубҳои тарбияи тафаккури интиқодиро шарҳ доданд.
Дар ҷараёни семинар назария, мақсад, матлаб, роҳ ва усулҳои тарбияи тафаккури интиқодӣ омӯзонида шуд.
Бо табодули афкор миёни иштирокчиён семинар анҷом пазируфт.
Сомон Содиқов,
аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”