ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 18-уми апрели соли 2026 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ вохӯрии директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид бо ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор гардид.


Ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин вохӯриро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки татбиқи нуктаҳои асосии Паём, махсусан дар самти маориф ва илм, барои боло бурдани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи устувор фароҳам меорад.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид Паёми Пешвои миллатро санади муҳимми стратегӣ унвон намуда, таъкид дошт, ки он ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди сиёсати дохилию хориҷии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумро муайян менамояд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бояд дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос, татбиқи усулҳои муосири таълим ва рушди инфрасохтори таълимӣ саҳми назаррас гузоранд. Ба андешаи ў бо назардошти талаботи замони муосир, масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дониста мешавад.
Қайд гардид, ки ҳайати профессорону омӯзгорон бояд бо дарки баланди масъулият ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём баён гардидаанд, тадбирҳои мушаххас андешида, дар тарбияи мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва ватандӯсту хештаншинос саҳм гузоранд.
Дар охир доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзо ба музокира баромада, барои ташкили чунин чорабинии бошукӯҳ ба директори Агентӣ сипосгузории ҳайати профессорону устодони Донишгоҳро баён дошт.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»