Сарбози ватан будан ифтихори ман аст
Дирӯз бо ибтикори кафедраи назарияи физикаи факултети физикаю техникаи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров", дар доираи омодагиҳо бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён ва сарбозону афсарони қисми ҳарбии 3501 ҚН ВКД-и Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ, таҳти унвони "Сарбози Ватан будан ифтихори ман аст!" доир гардид. Дар чорабинӣ намоянда аз раёсати донишгоҳ мудири шуъбаи тарбия дотсент Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов, декани факултет дотсент Парвиз Пӯлотов ва як қатор устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Декани факултет дотсент Парвиз Пӯлотов дар мавзӯи ватандӯстию худшиносӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуд. Қайд гардид, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди кишвар буда, хизмат дар сафҳои он ифтихори бузург ва қарзу фарзи ҷавонмардист. Парвиз Пӯлотов дар идома оид ба таъсис ва роҳи тайкардаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 29 сол, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, диққати ҷиддӣ дода ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ҳушдор намуданд ёдрас гардид. Зимнан перомуни авзои сиёсии ҷаҳон, густариши ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин, омӯзиши илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози назар намуд.
Ҳамчунин ба командирони ротаҳо сипосномаҳо ва ба сарбозон туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар фарҷом барои навасакарон ва сарбозон барномаи консертӣ ва аз ҷониби садорати факултети физикаю техника дастархони идона ороста шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил