​Шарафи одамӣ аз илм аст

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кураторони гурӯҳҳои академии кафедраи грамматикаи забони арабӣ ва кафедраи забони англисӣ дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии илм баҳри сулҳ ва рушд” таҳти унвони “Шарафи одамӣ аз илм аст”гузаронида шуд.

Дар дарси кушоди тарбиявӣ муовини ректор оид ба тарбия Усмонзода Аюбҷон, декани факултет Раҳимов Ислом ва мудирону омӯзгорони кафедраҳо иштирок намуданд.

Дарси мазкурро декани факултет Раҳимов Ислом оғоз намуда, ҳозиринро бо “Рӯзи ҷаҳонии илм баҳри сулҳ ва рушд” табрик намуданд ва аз аҳамияти таҷлили ин рӯз таъкид доштанд.

Дар идома донишҷӯён оид ба таърихи таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии илм баҳри сулҳ ва рушд” ва ҳадафҳои он маълумот доданд.

Дар охири дарс баҳри ангезиши зеҳн викторина гузаронида шуда, саволҳои шавқовари илмиву мантиқӣ дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ