​Самтҳои рушди адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии муосири тоҷик

Таҳти чунин унвон дирӯз дар толори калони раёсати Донишгоҳ бахшида ба 100-солагии олими фолклоршинос, академик Раҷаб Амонов конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон баргузор гардид.

Фикр мекунам конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии имрӯза дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Самтҳои рушди адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии муосири тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли миллии Тоҷикистон ва 100-солагии олими фолклоршинос, академик Раҷаб Амонов дар сатҳи хеле муносиби илмӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб дар ҷаласаи ифтитоҳии ин ҳамоиши илмӣ маърӯза намуда, доир ба нақши ҳукумати кишвар ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ба шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ аз боби хидматҳои умдаи Раҷаб Амонов дар инкишфи илму фарҳанги тоҷикии замони шӯравӣ ва истиқлоли миллии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Неъматҷон Файзуллоев, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Мутриба Мавлонова, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, фолклоршиноси шинохта, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ (ба тариқи онлайнӣ), дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Субҳонҷон Аъзамов ва ёдномаи дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, Саидмурод Ҳоҷиев паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмию адабӣ ва ҷамъиятии академик Раҷаб Амонов баррасӣ гардиданд. Дар маърӯзаҳо ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти академик Раҷаб амонов, ҳамзамон ҳузури мактаби эшон ва парвариши насли фолклоршиносони тоҷик нуктаи ҷолиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид рафт, ки мактаби академик Раҷаб Амонов аз шохаҳои маъруфи адабиётшиносиву фолклоршиносии миллӣ маҳсуб меёбад.

Пас аз ҷаласаи ифтитоҳӣ дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳ кори бахшҳо идома ёфт: Дар бахшҳои ҳамоиш бори дигар ҷойгоҳи барҷастаи академики равоншод Раҷаб Амонов ва дигар масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва адабиёти бачагон, забоншиносӣ ва усули таълим маврдиди баррасии густардаи муҳаққиқон қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳое, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидаанд, фарогири масъалаҳои муҳими адбиётшиносӣ ва фолклоршиносӣ буда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр расидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ