​Саҳми Пешвои миллат дар рушди маориф

Чунин унвон дошт мавзӯи озмуни эссеи беҳтарин, ки миёни донишҷўёни факултети забонҳои шарқ эълон гардид. Ин ташаббус ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Сохта ва ба истифода дода шудани як қатор муассисаҳои таълимӣ собит месозад, ки давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, барои рушду такомули он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешад.

Гуфта мешавад, ки ғолибони озмуни эссеи беҳтарин санаи 16-уми ноябр дар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои садорати факултети забонҳои шарқ қадршиносӣ мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ