САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Аз даврае, ки Паёми нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, чандин сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ин муҳлат дар назди таърих чандон тулонӣ нест, аммо дар таърихи давлатдории навинамон давраи ҳалкунандаи давлатсозӣ, барқарории кишвар, сулҳи бебозгашт, ваҳдати миллӣ ва шинохти давлату миллатамон дар арсаи олам маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар ин муддат мамлакат ва мардуми он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Ҳамаи муваффақиятҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ, муаррифии Тоҷикистони азиз чун кишвари созандаву ташаббускори иқдомҳои беназир ва дорои фарҳанги куҳан дар ҷаҳон аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Ҳар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки дар онҳо тибқи Конститутсияи мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баён мегарданд, аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди хотирмони таърихӣ қабул мешавад.
Дар яке аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи фарҳанг, махсусан, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Вобаста ба ин соҳа ва пешрафти он Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд: «Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад».
Дар ҳақиқат, фарҳанг ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба рушди он диққати зарурӣ равона мегардад. Бесабаб аз ҷониби Пешвои муаззами миллат фарҳанг «муаррифгари таърих» арзёбӣ нагардидааст, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Имрӯз таърихи куҳанбунёдамонро, ки собиқаи шашҳазорсола дорад, маҳз мероси таърихию фарҳангии мо дар ақсои олам муаррифӣ менамояд. Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки «аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд».
Дар ин ҷо мехостам оид ба як иқдом ва ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти муаррифии таърихи тамаддунофари миллати тоҷик ёдовар шавам, ки он ташкил намудани намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи «Гимей»-и Фаронса мебошад.
Ин иқдом барои шиносоии наздики сокинони Аврупо бо таърихи пурифтихори миллати тоҷик нақши мондагор гузошт. Чунонки дар Паём зикр гардид: «Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад».
Натиҷаи мусбати ин ташаббуси созандаро аз таассуроти шаҳрвандони хориҷӣ баъди тамошои намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидаву шунида ифтихор мекунем, ки мо соҳиби таърихи ғаниву пурифтихор буда, мардуми фарҳангсозем.
Таъриху тамаддуни моро медонанд, меомӯзанд ва тарғибу ташвиқ мекунанд. Ин иқдоми фарҳангпарварона ва ояндабинонаи Пешвои миллат барои густариши минбаъдаи муносибатҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ марҳилаи наверо дар таърихшиносии кишвар боз намуд.
Дар тули се моҳ намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи «Гимей»-и Фаронса имкон дод, ки зиёда аз 30 ҳазор нафар сокини мамолики мухталифи Аврупо аз таърихи пурғановати миллати тамаддунсози тоҷик оншо гардад.
Иқдоми дигаре, ки Ҳукумати мамлакат дар ҳошияи роҳнамоии Пешвои миллат дар соҳаи фарҳанг ва самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ пеш гирифтааст, поягузории заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Зимнан бояд зикр намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси таърихию фарҳангӣ ва соҳаи фарҳанг 17 санади қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”, “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ”, "Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Қоидаҳои низоми нигаҳдории мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ”, “Дар бораи танзими ҷавобгарӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” ва “Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” қабул шудаанд. Ҳадаф аз таҳия ва қабули ин санадҳо ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар низоми фарҳангу санъат ва ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар мебошад.
Дар радифи таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин, ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо низ диққати ҷиддӣ дода шуда, зиёда аз 90 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарор гардид.
Самти дигари муаррифии фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмони ЮНЕСКО мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ дар ин хусус иброз намуданд: “Ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба хотири муаррифии таърихи пурифтихори миллати тоҷик 6 апрели соли 1993 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг шомил шуда, худи ҳамон сол дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис ёфт.
Аз ҳамон давра оғоз карда, муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаккул ёфт. Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 33-юмин Конфронси умумӣ дар Париж дар равобити байни Тоҷикистону ЮНЕСКО саҳифаи тозаро боз намуда, ба ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо такони нав бахшид.
Дар ин муддат ду маротиба солҳои 2005 ва 2021 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО гузаронда шуда, санъати рангини миллӣ тамошобинони хориҷиро тасхир намуд. Яке аз аввалин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, ин шаҳри Саразм мебошад, ки 31 июли соли 2010 дар 34-умин иҷлосияи Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, 11 ноябри соли 2003 “Шашмақом”- мусиқии қадими классикии тоҷикӣ ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф гардид.
Дар 37-умин иҷлосияи Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки рӯзҳои 16-26 июни соли 2013 дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа, шаҳри Пномпен баргузор гардид, Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор бо нишони сарисинагии “60-умин солгарди ЮНЕСКО” қадр гардиданд.
Моҳи июни соли 2003 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши зан дар муколамаи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гашт, баъдан дар назди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон кафедраи ЮНЕСКО доир ба муколамаи фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир таъсис ёфт.
Моҳи марти соли 2015 бо пешниҳоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз Иди Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид ва 1 декабри соли 2016 дар шаҳри Аддис Абеба таоми миллии тоҷикӣ - “Оши палав” ва моҳи декабри соли 2021 боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуданд.
Дар баробари ёдовар гаштан аз муҳиммияти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъулияти ҳар яки мо ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар ҳифзи ин дастовард таъкид намуданд: “Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад”.
Ҳамин дастури Пешвои миллат ҳамаи моро вазифадор мекунад, ки ҳолати ҳифз, нигоҳдорӣ ва тарғиби фарҳанги гузаштагонро дар маркази диққат қарор диҳем.
Аз ин лиҳоз, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, ки дар ояндаи наздик макони сайру тамошои ҳазорҳо сайёҳон ва омили муҳимтарини муаррифии фарҳанги дирӯз ва имрӯзи мо ба ҷаҳониён хоҳанд шуд, кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби оммаи васеъ ба тамошо ва омӯзиши онҳо баҳри баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Фарҳанги тоҷик, ки аз амиқи асрҳо реша мегирад, имрӯз ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми ҳастии миллӣ ва давлатдории Тоҷикистон шинохта мешавад. Ин фарҳанг дар тӯли таърих аз анъанаҳои қадимаи ориёӣ, суннатҳои исломӣ ва дастовардҳои ҷаҳони муосир таъсир гирифта, симои вижаи худро ҳифз намудааст.
Дар шароити имрӯз фарҳанги тоҷик зери таваҷҷуҳи хосаи давлат қарор дорад. Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи расму оинҳо, рушди забони давлатӣ, тарғиби адабиёт, мусиқӣ, театр, кино ва санъати мардумӣ нишон медиҳад, ки фарҳанги миллӣ дар ҳоли рушд аст.
Ҳамзамон, таъсири ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ба фарҳанг таъсир мегузоранд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҷавонон ба арзишҳои миллӣ ва забони модарӣ арҷ гузоранд ва дар баробари гирифтани донишҳои ҷаҳонӣ, решаҳои фарҳанги тоҷикиро фаромӯш накунанд.
Фарҳанги тоҷик имрӯз ҳамчун рамзи ваҳдат, худшиносӣ ва пешрафти миллат хизмат мекунад. Нигоҳдорӣ ва рушду густариши он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз фарҳанг пояи асосии ҳувияти миллӣ ва пойдории давлат аст.
Хулоса, саҳми Пешвои миллат дар ҳифзи мероси таърихию фарҳанги тоҷик бағоят муҳим аст. Пешвои миллат, ҳамчун раҳбари кишвар, ба фарханг таваҷҷуҳи хос дошта, онро барои рушди иҷтимоии халқ, ҳамчун воситаи мустаҳкамкунандаи арзишҳои миллӣ ва омили муҳим дар ташаккули зеҳнияти мардум медонанд. Фарҳанг на танҳо таърихи марзу буми миллат, балки заминаи маънавии идоракунии давлат ва давлатдориро низ ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли дастгирии санъат, адабиёт, анъанаву арзишҳои халқӣ, ва рушди ҷавонон дар ин соҳаҳо зоҳир мешавад. Пешвои миллат такъид месозанд, ки бо эҳёи фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди он, метавон ба таҳкими таҳаммулпазирӣ, тинҷиву оромӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат кард. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба фарҳанг на танҳо муфид, балки барои иҷро намудани вазифаҳои стратегӣ ва устувории давлат муҳим аст.
Ҳоҷиева Мунира,
устоди кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»