​САҲМИ ИЛМ ДАР РУШДИ ҶОМЕА ВА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Имрӯз таҳти чунин унвон дар толори Раёсати Донишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», Рӯзи илми тоҷик ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки тарбияи насли босавод, дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури солим яке аз омилҳои калидии таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо афзоиши таҳдидҳои ифротгароӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва буҳронҳои геосиёсӣ тавсиф меёбад, нақши илм ҳамчун пояи устувории давлат аҳаммияти стратегӣ касб менамояд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода зимни суханронӣ худшиносӣ ва худогоҳии миллиро аз пояҳои асосии давлатдорӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи миллат заминаи устувории ҷомеа мебошад.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҷавонон пайваста боло меравад.

Дар идома, доктори илмҳои таърих, профессор Набизода Ваҳҳоб дар мавзуи «Саҳми илмҳои ҷомеашиносӣ дар баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонон», доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Арзишҳои илмӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои беруна», доктори илмҳои иктисодӣ, профессор Қодирзода Абдураҳмон дар мавзуи «Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди ҷомеа», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳимов дар мавзуи «Муборизаи ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ дар байни ҷавонон ва андешаҳо нисбати ҳалли онҳо» номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуманнон Одинаев дар мавзуи «Ҳофизаи таърихӣ ва аҳаммияти он дар тавсеаи ҳуввияти миллӣ» бо маърузаҳо баромад намуданд.

Дар охир ба маърузакунандагон ва як қатор кормандони Донишгоҳ барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ