Саҳми арзандаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар татбиқи ҳадафҳои созанда
Эълони саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат барои пиёда намудани барномаҳои бузурги рушди давлат омили муассир гардид. Барои татбиқи муваффақонаи ин барномаи судманд, ки зиндагонии шоистаи сокинони кишварро таъмин мекунад, талошу кӯшишҳои тамоми мардуми кишвар бо ҳар роҳу шева метавонад таъсири матлуб гузорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барои рушди иқтисоди миллӣ аз ҳар роҳу шеваҳо ба кор мегирад, дар шароити нави таърихӣ ҳадафи аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани мамлакатро пеш гирифтааст. Заминаи муҳими расидан ба ин мақсади бузург коркарди муваффақонаи захираҳои табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, ки пахта яке аз чунин боигариҳост. Хушбахтона,Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои пахтакори минтақа барои коркарди он дар дохил ба бунёди чандин корхонаҳои саноатӣ муваффақ шудааст, ки ин амр низ ба рушди рӯзафзуни барномаҳои ҳадафи чоруми мамлакат- саноатикунонӣ мусоидат мекунад.
Бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва аз ин роҳ мусоидат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат 1000 нафар устодону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатиии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба майдонҳои пахтазори ноҳияи Зафаробод баромада, дар рӯзи истироҳати 3 ноябр ба хирмани Ватан12 000 кг пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин воқеан саҳми арзандаи онҳоро дар татбиқи ҳадафҳои созанда бозгӯӣ мекунад. Онҳо асосан дар майдонҳои хоҷагиҳои Меҳнатобод, Туронзамин, Абдураҳмони Ҷомӣ сафарбар гардида муташаккилона дар ҷамъоварии ҳосил ширкати фаъол доштанд. Дар ҷамъбасти ҷамъоварии ҳосил беҳтарин чинандаи пахта аз ҳисоби омӯзгорон дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик Узбеков Салоҳиддин ва аз ҳисоби донишҷӯён курси 1-и факултети забонҳои хориҷӣ Юсупова Камуна ҳисобида шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки давоми бештар аз як моҳи охир илова бар ин ҳашари дастаҷамъона аз ҳисоби кормандони техникӣ, устодони ҷавон ва донишҷӯён дар рӯзҳои истироҳат ба майдонҳои пахтазори навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод баромада, барои ғанои хирмани Ватан кӯмак намуданд, ки ин ҳам самҳе арзишманд дарамри расидан ба ҳадафҳои созандаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Онҳо мақсад доранд, ки минбаъд низ рӯзҳои офтобии истироҳатро истифода намуда, ба хирмани Ватан дар ҷамъоварии тиллои сафед кӯмаки бедареғи худро расонанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил