Сайри илмӣ-оммавӣ бахшида ба Рӯзи Президент
Дар доираи Ҳафтаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сайри илмӣ-оммавии ҳайати маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба Қасри Арбоб ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҳайати маҳфил аз таърихи бунёди иншоот, ҳаёт ва фаъолияти ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев, аҳамияти тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ дар кишвар бештар маълумот дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Қасри Арбоб паз аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷик чун макони сарнавиштсоз ва ваҳдатофарини тоҷикон шуҳрат касб намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил