​Сафи доктори илм дар донишгоҳ афзуд

Олимҷонов Мӯсо, мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик ҷиҳати тасдиқи дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ бо дипломи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Руссия сарфароз гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом Олимҷонов Мӯсоро ҷиҳати тасдиқи дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ табрик гуфта, ҷиҳати идомаи фаъолият дастовардҳои тоза таманно намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 48 нафар доктори илм фаъолият намуда, ин теъдод бо тасдиқи дараҷаи илмии Мӯсо Олимҷонов ба 49 нафар расид.

P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ Мӯсо Олимҷоновро ҷиҳати тасдиқи дараҷаи илмӣ табрик гуфта, барояшон саодати поянда ва музаффариятҳои навину арзишманд орзумандем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ