​САФАРИ ХОРИҶИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Тағйирёбии босуръати вазъи геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зарурати тақвияти ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказиро нишон медиҳад. Дар ин замина, сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифт. Дар ҷараёни он, ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманди сиёсию иқтисодӣ гузаронида шуд. Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои СҲШ ба анъанаи устувори дипломатияи минтақавӣ табдил ёфтааст. Машварати сарони давлатҳо имконияти мусоидро барои таҳкими муҳимтарин масъалаҳои минтақавӣ фароҳам овард. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохурӣ аз сиёсати босамари хориҷии мамалакат шаҳодат медиҳад. Мавриди зикр аст, ки сафари Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин, барои тақвияти равобиту ҳамкории байни ин ду кишварҳо мусоидат менамояд. Ҷанбаи сиёсии сафари Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон эътимоди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мустаҳкам намуда, суботи минтақавӣ ва тавозуни умумии геополитикии Осиёи Марказиро таъмин манамояд.

Пешниҳоди Пешвои миллат дар ҷараёни вохўрии сарони давлатҳо оид ба таъсиси корхонаҳои бузурги коркарди нафт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли муаммои энергетикии минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд. Ин пешниҳод аҳаммияти амалӣ дорад, зеро таъмини амнияти энергетикӣ ба масъалаии стратегии рушди иқтисодии кишварҳо вобаста аст. Иштироки фаъоли Пешвои миллат дар ҷараёни вохурӣ боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми Тоҷикистон аст, зеро кишварро ҳамчун узви ташаббускор ва комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ муаррифӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти нафтӣ дар минтақа дар музокироти пешакии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Қазоқистон баррасӣ гардида, дар асоси он таъсиси корхонаҳои коркарди нафт пешниҳод гардид. Чунин муносибат аз робитаи мустақим, сиёсати хирадмандона ва стратегияи мунтазами дипломатияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикитон шаҳодат медиҳад.

Мулоқоти Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар бо Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн, бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар маҷмуъ дар сатҳи олӣ гузашта, барои тақвияти ҳамкории кишвар дар тамоми соҳаҳо бо назардошти манфиатҳои миллӣ судманд буд.

Дар маҷмуъ, сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳодатгари стратегияи бисёрҷонибаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимоди минтақавӣ мустаҳкам намуд, кишварро ҳамчун узви ташаббускор дар ҳалли масъалаи амнияти энергетикӣ нишон дод, ҳамкории дуҷонибаро бо Қирғизистон тақвият бахшид, эътимоди байни ин ду кишварҳоро устувор сохт, сиёсати амалии хориҷии фаъол ва мутавозини Тоҷикистонро инъикос сохт ва барои таъмини манфиатҳои миллӣ дарозмуддат дар асоси ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба мусоидат намуд.

Комилова Зилола,

муаллими калони кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ