Саъдӣ ва инкишофи ғазал

Таҳти ин унвон дар толори калони раёсати Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, бахшида ба “35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, директори Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сӯфизода Шодимуҳаммад, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудзода ва ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мубашшири Акбарзод баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки бузургдошти шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ ва намояндагони илму маориф дар сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳим ва бузурги оини давлатдорӣ мубаддал гардид. Гуфта шуд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дарки ҳақиқати таърих, шинохти мақому манзалати халқи тоҷик дар қаламрави таърих ва корномаҳои бузурги чеҳраҳои сиёсиву давлатӣ, адабиву илмӣ, фарҳангиву ҷамъиятӣ ҳамеша мавриди қадршиносӣ қарор гирифта, маҳсули ақлонии ҳар яке аз онҳо барои тарбияи наслҳои имрўзу фардо истифода мешавад.

Зикр шуд, ки омӯзиши мероси бузургони адабиёти гузаштаи мо на танҳо барои наслҳои имрӯз, балки барои ояндагони мо қобили аҳамият буда, метавонад дар таҳаввули фикрии ҷомеа нақши пуртаъсир гузорад.

Дар идома профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода дар мавзуи“Ошноизудоӣ дар ғазалиёти Саъдӣ”, профессор Бадриддин Мақсудзода дар мавзуи “Саъдӣ ва Ироқӣ (муқоисаи аҳвол ва халлоқияти адабӣ)”, академик Носирҷон Салимӣ дар мавзуи “Саъдӣ ва таҳаввули ғазал”, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзуи “Мулоҳизаҳо дар бораи тақсимбандии девони ғазалиёти Саъдӣ” ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мубашшири Акбарзод дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии як ғазали Камоли Хуҷандӣ бо ғазале аз Саъдии Шерозӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар мавърӯзаҳо таъкид шуд, ки Саъдии бузургвор дар ҳақиқат шоир, суханвар, донишмандест, ки имрӯз каломи ӯ саросари оламро фаро гирифта, ҳикмати ҷовидонаи сухани вай дар тарбияи ҷомеаи инсонӣ ва таҳкими дӯстиву ваҳдати халқҳои олам нақши пуртаъсир дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия наздики 60 мақолаи илмӣ ворид гардида, он дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр хоҳад расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ