​Сада иди қадимаи таърихӣ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар хобгоҳи №1 мизи мудаввар доир гардид.

Қайд гардид, ки Иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10-уми баҳманмоҳ мувофиқ ба санаи 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Мақсади ташкили чорабинӣ ташакулли ҳисси миллии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо оиди санаҳои таърихиӣ ва ҷашнҳои миллӣ арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ