​САДА – ҶАШНИ НУР, ГАРМӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Бо мақсади тақвияти худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ифтихор аз мероси фарҳангии ниёгон ва эҳёи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик 28-уми январи соли 2026 дар толори факултети санъати тасвирӣ ва дизайн чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Сада – ҷашни нур, гармӣ ва худшиносии миллӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории ин чорабинии фарҳангӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарварона ва маърифатмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик, аз ҷумла ҷашни Сада маҳсуб меёбад.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, дар онҳо таърихи пайдоиши ҷашни Сада, заминаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии он, аҳамияти ҷашн дар тамаддуни ориёӣ, инчунин робитаи зичи он бо табиат, нур ва гармӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҷашни Сада ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар торикӣ ва гармӣ бар сармо дар ташаккули ҷаҳонбинии ниёгони мо нақши муҳим доштааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён бахшида ба ҷашни Сада саҳнаҳои ҷолиби тарбиявию фарҳангӣ, намоишҳои рамзӣ ва бозиҳои гуногуни миллӣ манзури тамошобинон гардонида шуд. Барномаи фарҳангии чорабинӣ на танҳо ҷанбаи фароғатӣ, балки аҳамияти бузурги тарбиявию маърифатӣ дошта, ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгонро дар зеҳни ҷавонон тақвият мебахшад.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар роҳи баланд бардоштани маърифати миллӣ, густариши худшиносии фарҳангӣ ва эҳёи суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик нақши муассир дошта, барои тарбияи насли худогоҳ ва ватандӯст мусоидат менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ