Рӯзи дониш муборак!

Устодони гиромӣ,

донишҷӯёни азиз!

Фарорасии Рўзи донишро, ки соли нави таҳсил бо ин санаи фархунда оғоз мешавад, ба ҳамаи Шумо устодону омӯзгорон, олимону донишмандон, донишҷӯён ва хоса муҳассилине, ки дар соли ҷашнии 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ба остонаи ин боргоҳи муқаддас қадам мегузоранд, самимона табрик гуфта, бароятон комгорӣ, тавфиқ ва дастовардҳои нав ба нави илмиву эҷодӣ таманно дорам.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихори аҳли маориф ва илми кишвар аст, ки ҳамасола таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бо Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Мусаллам аст, ки дар даврони Истиқлоли миллӣ Ваҳдат ва Сулҳ дар Тоҷикистон арзишҳои нодир ва дастоварди беназири давлатдорӣ ба шумор мераванд, ки ба корномаҳои сулҳофарини Пешвои муаззами миллат такя мекунанд. Аз ин рӯ, Дарси сулҳ дар оғози соли таҳсил номаи ҳидояти маорифпарваронаи Пешвои миллат ба шумор меравад, ки дар шумори нодиртарин ганҷинаҳои Истиқлоли миллӣ қарор мегирад.

Дар баробари ин, баргузории Дарси сулҳ худ баёнгари таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва илм буда, дар заминаи баргузории ин соати фархунда Барномаи ҳидояти аҳли маориф ва илми кишвар барои соли таҳсил муқаррар ва мавриди амал қарор мегирад.

Устодони гиромиқадр!

Донишҷўёни азиз!

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳамчун яке аз боргоҳҳои бонуфузи илмиву маърифатии кишвар ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 7 маротиба ба донишгоҳи мо ташриф овардани Пешвои миллат худ далели равшани ғамхории пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат ба донишгоҳи мо ба шумор меравад.

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо давоми нимсолаи якуми соли равон бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози сохтмони бинои замонавии 9 ошёна бо 144 синфхона барои 4000 донишҷӯ мебошад. Бинои мазкур дорои 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ буда, дар канори он кўдакистон, толори калони маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Бунёди иншооти мазкур омил бар ин мешавад, ки ин мавзеъ ба як маҷмааи комили шаҳраки донишгоҳ табдил ёфта, тамоми биноҳои таълимӣ муттаҳид хоњанд шуд, ки дар ҳақиқат туҳфаи арзанда ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли миллии Тоҷикистон мебошад.

Соли нави таҳсил барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли таърихӣ ва хотирмон ба шумор меравад. Зеро имсол аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол пур мегардад. Ин боргоҳи илму маърифат дар дарозои мавҷудияти хеш пеш аз ҳама ҳазорон нафар омӯзгоронро ба камол расонидааст, ки барои фурӯзон нигоҳ доштани чароғи маърифати ҷомеа хизмат намудаанд.

Имрӯз низ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мунтазам баҳри расидан ба дастовардҳои шоиста ва музаффариятҳои навин талош намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва беҳтар намудани сифати таҳсилот пайваста саъй меварзанд.

Боварии комил дорем, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ баҳри дар сатҳи баланд ва шоиста ҷараён гирифтани силсилаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 90 – солагии таърихи донишгоҳ масъулияти баланд зоҳир намуда, бо илҳоми тоза, нерӯи нав ва иродаи мустаҳкам фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ таҳким мебахшанд.

Бо чунин ниятҳои нек, ҳамаи Шумо устодони соҳибхирад ва донишҷӯёни азизро бо оғози соли нави таҳсили 2022-2023, ки бо 30-солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсоз, 90-солагии ин боргоҳи илми маърифат ва ҳамчунин 31 солагии Истиқлоли миллӣ пайванд мегирад, табрику таҳният гуфта, бароятон дар соли нави таҳсил, комгорӣ, ташаббусҳои нав ба нави эҷодӣ ва дастовардҳои беназирро таманно мекунам.


Бо эҳтиром,

ректори Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,

профессор Усмонзода Аюб Ислом

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ