​Рӯзи дарҳои кушод дар Китобхонаи илмии донишгоҳ


Бо ташаббуси Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, бо мақсади ошноии устодону донишҷӯён бо китобҳои тозанашр ва дастовардҳои илмӣ аз 15-уми сентяб то 2-юми октябри соли равон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар робита ба ин, имрӯз устодону донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология ба китобхона ташриф оварда, аз намоиши дастовардҳои илмии олимон ва китобҳои тозанашр дидан намуданд. Устодону донишҷӯён зимни боздид таассуроти хешро баён намуда афзуданд, ки дар фонди китобхонаи донишгоҳ китобҳои арзишманди илмию таълимӣ мавҷуд аст, ки баёнгари фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Ҳамчунин дар китобхона аз тарафи устодони факултет ба гурӯҳҳои академикӣ соатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд, ки барои ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхониву китобдӯстӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ