​Рӯзи байналмилалии забони арабӣ

Бо ташаббуси кафедраҳои филологияи араб ва грамматикаи забони арабӣ дар доираи “Ҳафтаи забони арабӣ” як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд. Ин иқдом ба муосибати Рӯзи ҷаҳонии забони арабӣ, ки ҳамасола санаи 18 декабр таҷлил мегардад, роҳандозӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи чорабиниҳои мазкур миёни донишҷӯён нақл аз рӯи расм, ҳуруфчинӣ бо забони арабӣ, маҳорати наттоқӣ, саҳнаи аҳлоқӣ-тарбиявӣ, суруд бо забони арабӣ, сохтани рамзҳо (макетҳо)-и маконҳои таърихӣ ва муаррифии онҳо ба роҳ монда шуд.

Мақсад аз ташкили “Ҳафтаи забони арабӣ” татбиқи амалии омӯзиши забони арабии донишҷӯён, нишон додани маҳорат ва малакаи азхудкуниву суханронӣ бо забони адабии арабӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ