​Рӯзи ҷаҳонии солимии равонӣ

Ба муносибати рӯзи ҷаҳонии солимии равонӣ ва рӯзи психологон дар факултети психиология ва таҳсилоти ибтидоӣ силсилаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус “Ҳафтаи психилогия” гузаронида шуда, дар он донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.

Аз ҷумла, дар китобхонаи факултет муаррифии китобҳои арзишманди илми психология ба роҳ монда шуд. Донишҷӯёну магистрантон дар рафти муаррифӣ бо китобҳои тозанашри илми психология шинос гардиданд.

Бо донишҷӯёни курси панҷум, ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ дар мавзӯи “Зӯроварии хонаводагӣ” тренинги психологӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар барномаи “Рӯ ба рӯ”‐и телевизиони СМ-1 донишҷӯёну магистрантони факултет перомуни мавзӯи “Психолог кист ва зарурияти касби психолог дар ҷомеаи муосир“ андешаҳои худро иброз намуданд.

Мавзӯи “Солимии психологӣ” дар барномаи “Печутоби замон”‐и телевизиони СМ‐1 мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он устодони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.

Инчунин, дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Ҳафтаи психология” дар мавзӯи “Роҳҳои бартарафкунии ҳолатҳои манфии эмотсионалии омӯзгорон” мастер-класс доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки инчунин давоми ҳафта дар факултет озмуни “Интеллект-шоу”, вохӯрӣ ва семинари омӯзишӣ бо ҷалби равоншиносони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд, инчунин мутахассисони соҳаи психология ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ду мавзӯъ – “Марҳилаҳои инкишофи наврасон” ва “Сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои номатлуб байнии наврасон” муҳокима гардид.

Дар маҷмуъ, ба муносибати рӯзи ҷаҳонии солимии равонӣ ва рӯзи психологон дар факултети психиология ва таҳсилоти ибтидоӣ чорабиниҳои мухталиф: аз семинари омӯзишӣ то конфронсу барномаҳои телевизионӣ ташкил гардиданд, ки дар он устодону донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ