РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
«Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд. Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гузариши босуръати ҷомеа ба марҳалаи рақамикунонӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба омилҳои калидии рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ин ҷодаро возеҳ муайян намуда, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъиро ҳамчун заминаи асосии рушди устувори кишвар муаррифӣ менамояд.
Асри XXI давраи тағйироти босуръати технологӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз давлатҳое пешрафта тавонистаанд технологияҳои иттилоотиро ба иқтисод, идоракунӣ, саноат, энергетика, маориф ва хизматрасониҳо самаранок ворид намоянд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ қадамҳои устувор мегузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси ҷумҳурии мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зеҳни сунъӣ ҳамчун раванд ва воситаи муҳим дар рушду суботи ҷаҳонӣ матраҳ гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёт истифодаи оқилона ва одилонаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ба масъалаи рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо нигоҳи дурбинона ва воқеъбинона ин ҷараёнро пешбинӣ намуда, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва этикӣ барои танзими рушди ин равандро баррасӣ намуданд. Қабули он дар сатҳи глобалӣ баёнгари боварии ҷомеаи байналмилалӣ ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имконияти транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Ин санади муҳим равшан нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо раванд, балки афзалияти стратегӣ барои рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб мешаванд. Иқтисоди рақамӣ модели нави идоракунии иқтисодиёт бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, интернет, платформаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ ва додаҳои бузург (Big Data) дар фаъолияти иқтисодӣ мебошад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, тақвияти долонҳои транзитию логистикаи рақамӣ, рушди иқтисодиёти сабз, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо ба ҳаёти мардум роҳ меёбанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатиро масъалаи аввалиндараҷа шумориданд.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир зеҳни сунъӣ яке аз технологияҳои рушдкунанда эътироф карда шуда, на танҳо ҷиҳати осон намудани як қатор равандҳо, инчунин ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт равона карда шуда, имрӯз аллакай давлатҳо бо истифода аз он ба дастовардҳои гуногун ноил гаштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи зеҳни сунъиро яке аз ҳадафҳои асосии рушди ояндаи худ ҳисобида, тибқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, таҳти №483 тасдиқ карда шудааст, рушди зеҳни сунъӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар равона карда шудааст.
Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятнокӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти бонизоми иқтисоди рақамӣ ба шабакаи интернети баландсуръат ниёз дорад. Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон зикр намуданд: “Зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд”. Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ҷаҳони муосир давлатҳои абарқудрат ба таври васеъ аз технологияҳои рақамӣ истифода мебаранд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар самти идоракунии давлатӣ ва кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ ба раванди фаъолият дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумлаи онҳост. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”. Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гаштанд, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гашт, ки бо мақсади пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.
Дар ин раванд, омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ рӯйи кор меоянд.
Бо мақсади беҳтарсозии сифати омодагии кадрҳо дар самти технологияҳои рақамӣ ва зиёд намудани шумораи мутахассисони дар ин самт Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор диҳанд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷумҳурӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо ва болоравии сатҳи иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки омодасозии кадрҳои соҳа мебошад. Бе кадрҳои соҳибтахассус гузариш ба иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро омӯхта, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои IT ва таҳлили додаҳоро вусъат бахшанд. Дар маҷмуъ, бо истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ ба зеҳни инсонӣ, Тоҷикистон метавонад ба як кишвари пешрафта, устувор ва рақобатпазир табдил ёбад.
Соҳаи маориф ва илм дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рақорбатпазири мутобиқ ба талаботҳои бозори меҳнат яке аз вазифаҳои авлавияти муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ дар самти омодасозии кадрҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Қайд гардид, ки илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд. Вобаста ба ин зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.
Дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” қабул гардидааст. Ин барномаву консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ равона шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Шурои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, чунин иброз доштанд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ карда шаванд».
Ташаббусу иқдомҳои беназир ва дастуру супоришҳои мушаххаси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ байён намуданд, ҳамагонро водор месозад, ки баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда масъулияти баландро касб намуда, дар рушди устувори Тоҷикистони азиз талош варзанд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро ҳамчун омили калидии гузариш ба иқтисоди ба донишу навоварӣ асосёфта муаррифӣ менамояд. Рақамикунонии идоракунии давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос на танҳо ба баланд бардоштани самаранокии иқтисоди миллӣ, балки ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои рақамии ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
Инобатҷон Икромова,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи
умумидонишгоҳии информатикаи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»