Рушди соҳаи маориф дар меҳвари Паём
Тайи чанд соли охир Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар поёни моҳи декабр ва ҳамзамон яке аз рӯзҳои анҷоми сол ироа мегардад, ба таври барҷаста ва равшан ҳадафу мароми мардуми кишварро барои боз як соли дигар муайян менамояд.
Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарПаёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,масъалаиҳои муҳимтарини сиёсати доихиливу хориҷии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасии густарда қарор доданд. Чун ҳамешагӣ Роҳбарияти олии кишвар масъалаи маорифро масъалаи умда ва рукни муҳим дар сиёсати давлатӣ унвон намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки амри саривақтӣ мебошад.
Бегумон дар баробари Паёмҳои қаблӣ, Паёми навбатӣ Пешвои миллат як рисолати бузурги таърихиро таҷассум ва ба як марҳилаи нави рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо оғоз ниҳод, ки он дар вуҷуди хеш таҳаввулоти давлатдории миллии тоҷикон ва ҳифзи фарҳангу асолату ҳастии миллати куҳанбунёди моро барои солҳои минбаъда таҷассум гардонид.
Музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон, воситаи асосии ҳавасмандгардонии аъзои ҷамъият барои меҳнати пурмаҳсул ва хушсифат мебошад. Агар ба марҳилаи давлатории навини тоҷикон назар афканем ва нишондиҳандаҳои омориро таҳлил намоем, шоҳиди он мегардем, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар натиҷаи татбиқ намудани барномаҳову стратегияҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар симои дигар касб намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳимияти нақши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид доштанд: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;”
Ин ҳама ғамхориҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро водор месозад, ки вазифаи худро аз самими қалб иҷро намоянд ва дар тарбияи насли наврас ба дастовардҳои шоиста ноил гарданд.
Яке аз иқдомҳои шоистаи Роҳбари давлат - ин баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ба шумор меравад (аз 800 сомонӣ то ба 1000 сомонӣ баланд намудани он), ки дар асоси он музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ низ зиёд мегардад.
“– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.”
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бисёр мулоқоту вохӯрҳояшон бо аҳли маорифу илми кишвар вазифаҳои наву муҳим - тайёр кардани мутахассисони босифат ва ба замони муосир мувофиқ, истифодаи босамари усулҳои пешқадами таълим ва навгониҳои илму техника, ҷалби хонандагон ба касбомӯзӣ ва рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ,таҳияи як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа ва дар баробари инн аздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳониро дар назди кормандони соҳаи маориф ҳамасола мегузорад.
Барои мо омӯзгорону устодон сармояи ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва боло бурдани дастоварду нишондодҳои он бо мақсади расидан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.”
Ҳамчунин Пешвои миллат ба маврид таъкид доштанд, ки “Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.
Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.
Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам.»
Дар воқеъ масъалаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат ба шумор рафта, таваҷҷӯҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии кишвар ба ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста идома дорад.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба таълиму тарбия омӯзгорон бояд дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ диққати ҷиддиро ба баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши толибилмон, махсусан ихтисосҳои мутобиқба талаботимуосир равона созем. Зеро дар айни замон ин масъала аз ҷумла талаботи асосии ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин раванд ҳамчунин зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи донишу таҷриба ва арзишу суннатҳои неки миллӣ, таҳлил ва шинохти амиқи мақоми тоҷикон ҳамчун миллати худогоҳ ва дорои фарҳангу таърихи қадима дар тамаддуни ҷаҳонӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Таҳлилҳо нишонмедиҳанд,ки бе таъмини дониши муосири саросарии аҳолӣ таъмин намудани рушди устувор, зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи босуботи давлат низ номумкин мебошад.
Рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар пешрафти ва ташаккули низоми маориф,нерӯи зеҳнии инсонро тақозо намояд. Аз ин лиҳоз тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ метавонад барои пешрафти илму маориф заминаи созгору боэътимод фароҳам орад.
Паёми Пешвои миллат дар таҳкими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф заминаҳои нав мегузорад. Тавре Сарвари давлат ба ташкили мактабҳои замонавӣ, омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, қабл аз ҳамазабонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзиши техникаи компутерӣ эътибори ҷиддӣ дода,таъкид доштанд, ки “Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.”
Воқеан дар замони рушди босуръати технологияҳои навин ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисони сатҳи касбияти баланд дошта, рӯз аз рӯз меафзояд. Аз ин лиҳоз омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот амри зарурӣ ва талаботи замон мебошад.
Меҳвари асосии ҳар иқдоми андешидаи Пешвои миллат аз он иборат аст, ки бунёдгарони ояндаи ҷомеаи бомаърифату бофарҳанг тарбия ёбанд. Дар робита ба ин сол аз сол, марҳила ба марҳила барои беҳтар намудан ивазъи иҷтимоии омӯзгорон, ки тарбиятгарони насли наврасу ҷавононанд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Мо омӯзгорони ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои муттасили Пешвои миллат дастовардҳои нав ба навро дар самтҳои мухталифи фаъолияти кориамон бояд ба даст орем ва ба ин восита обруву нуфузи кишвари азизммон, Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло барем.
СОРБОН Амаков, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров